arzon replenishment
Мард арӯсбозӣ кунад, занаш талоқ мешавад?
717

 

Бо ҳамсарам ду сол аст, ки зиндагӣ мекунем. Дар ин давра боре ҳам ба ӯ хиёнат накарда будам. Вале чанд рӯз пеш, каме сархуш шуда, бо як арӯс ишқварзӣ кардам. Ҳукми зино баъди зангирӣ чист? Оё никоҳ бурида мешавад?
Салим, ш. Душанбе.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, зино гуноҳи кабира аст ва он ҳам дар муҷаррадӣ ва ҳам дар оиладорӣ гуноҳ мебошад. Ба сабаби зино кардан никоҳ аз байн намеравад ва талоқ воқеъ намешавад, вале он сабаби бебаракатӣ дар хонадон мешавад.

Аз зино ба молатон ва ба фарзандонатон ҳам зарар мерасад. Аз ин амали қабеҳ тавба бояд кард ва аз Худованд истиғфор бояд хост. Агар ду сол бо ҳамсаратон зиндагии якҷоя дошта бошед, аз ин бармеояд, ки ҳанӯз ҷавонед ва ниёзе нест, ки аз қафои занҳои дигар биравед. Кӯшиш кунед, ки зиндагиатон ҳалол бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД