1xbet
Мард ба кӯдаки 6-сола маҷбуран нос дода, боиси марги писарак гашт
482

Кормандони милитсия дар ноҳияи Синои пойтахт мардеро бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани кӯдаки 6-сола боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Бахтиёри Намоз, сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 22-юми августи соли ҷорӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви шаҳри Душанбе писарчаи 6-солаи ҳамсараш Назаров С.-ро латукӯб намуда, ба таври маҷбурӣ ба даҳонаш нос рехтааст. Дар натиҷа кӯдак заҳролуд гашта, дар роҳ ба сӯйи беморхона ба ҳалокат расидааст.

Айни замон Бахтиёри Намоз дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 108-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД