Кенни Истердей бо бемории нодире ба дунё омада буд ва бар асари он сутунмуҳрааш аз афзоиш бозмонд. Вақте табибон пойҳои Кенниро буриданд, ҳамагӣ шаш моҳ доштааст.
Ҳамон вақт табибон ба хотири зинда монданаш як қисми устухони соқи пойи ӯро ба сутунмуҳрааш пайванд карда, гуфта будаанд, ки танҳо 21 сол умр хоҳад дид, аммо бархилофи чашмдошти мутахассисон ин марди нимтана 35 сол умр дида, 12-уми феврали соли 2016 аз олам даргузашт.
Барои он ки ҳаракат карданаш осон шавад, табибон ба ӯ протез пешниҳод карда буданд, вале Истердей аробаву чагасро чашми дидан надошт. Ҳар қадаре синну солаш боло мерафт, пӯсти дастонаш ҳамон андоза дурушт мешуданд, зеро дастони ин мард ҳам вазифаи дастро иҷро мекарданду ҳам пойро. Кенни чунон хурд буд, ки дар даруни ҷомадон бемалол ҷой мегирифт, вале ин мундуқчаи чаққон бо ҳамин ҳолаш ҳам боулингбозӣ мекарду ҳам дар ҳавз шиноварӣ карданро омӯхта буд. Мардони рустамбозу баъзан дар пайдо кардани ҷуфти муносиб душворӣ мекашанд, ин марди нимметра бошад, соҳиби зану фарзанд буд.