sebiston july new
Марди 52-соларо барои таҷлили ҷашни зодрӯзаш суд карданд
1074


Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳибкори инфиродӣ Баҳронов Шоаббозро барои риоя накардани қонуни танзим ва бо даъвати меҳмонони зиёду шукӯҳу дабдаба гузаронидани ҷашни зодрӯз ба маҳкама кашиданд...

Ин марди 52-сола барои зодрӯзашро таҷлил кардан қариб баробари синну солаш ҷаримабандӣ гардид.Мувофиқи иттилои расонаҳо Баҳроновро барои даъвати 6 меҳмон ба ҷашни зодрӯзаш бар асоси қисми дуюми моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон дар вайрон кардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гунаҳкор шинохта шуда, ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 48.000 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Баҳси ҷаримандаии ин соҳибкор то додситонии кул рафт. Шаҳрвандоне, ки аз ҳукми додгоҳ ва ҳалномаҳои судӣ дар зинаҳои поёнӣ норозӣ ҳастанд, ҳуқуқи ба зинаҳои болоӣ шикоят карданро доранд. Соҳибкор Шоаббозов низ аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда бо прокурутараи Олӣ шикоят бурдааст, аммо додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17- августи соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфтааст:“соҳибкори инфиродӣ Баҳронов Шоаббоз Умедович, санаи таваллудаш 17 июни соли 1970, сокини ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд, санаи 17-июни соли 2022, соати 19:00, зодрӯзи худро дар ошхонаи таомҳои миллӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати деҳоти Деҳмой бо иштироки 6 нафар берун аз доираи оила баргузор намуда, талаботи моддаи 8-и Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро вайрон кардааст”.

Ёдовар мешавем, ки моддаи 8-и қонуни танзими анъана ва расму ойин, ки соли 2007 қабул шуда буд, пас аз даҳ сол, яъне соли 2017 талаботаш боз ҳам шадидтар карда шуда, таҷлили ҷашни зодрӯзро танҳо дар доираи оила иҷозат дода шудааст, зеро ҳамҳамаю дамдама ва худнамоиҳои, ки дар расму оини пешина буд, шароити бе ин ҳам танги иқсодии шаҳрвандонро тангтар месозад.

Ҷиҳати таъмини риояи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ кормандони шӯъбаи дин ва танзим дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти пайваста корбарӣ карда, камбудиҳои ҷойдоштаро ошкор менамоянд. Қобили зикр аст, ки қонунвайронкуниҳо асосон дар ҷашнҳои арӯсию домодӣ ва домодталабон ошкор карда шуда, ҳолатҳое, ки вайронкунии ин қонун дар ҷашни зодрӯз ошкор гардад, хеле кам ҳастанд.

Аз қабули қонун танзим дасткам 15 сол сипарӣ шуда, моҳияту ааҳмияти ин қонунро акнун шаҳрвандон ба хубӣ дарк мекунанд, вале дар миён ҳастанд афроде, ки “туйи осмонкаф” ва зодрӯзи туймонандро гузаронида, баъдан дар ба дари додгоҳҳо возаву сарсон мегарданд.

Бояд қайд кард, ки дар давоми шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 399 туйи домодию арӯси баргузор гардида, 12 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ гашта 3 ҳолат зиёд аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳам талаботи риояи қонун пурзур гардидааст ва ҳам миқдори ҷаримаи қонуншикаҳои зиёд шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД