Марди қаллоб бародар ва хоҳари худашро
фиреб дода ба чанги милитсия афтид
Кормадони милитсия дар шаҳри Душанбе як марди 43 соларо бо гумони фиреб додани бародар ва хоҳари худаш ва содир намудани ҷинояти қаллобӣ боздошт кардаанд.
Бино бар иттилоъи ВКД Сатторзода Ф., соли таваллудаш 1983 ба боварии бародараш С.С. ва хоҳараш С.Т. даромада, аз онҳо 150 ҳазор доллари ИМА гирифта, ваъда додааст, ки барои онҳо дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат хона мехарад, аммо баъдан маълум шудааст, ки манзилҳои истиқоматии дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе харидоришуда, ба номи худаш ва духтараш гузаронидааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Сатторзода Ф. бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.