sebiston july new
Марди чалфасе, ки бемориҳо аз вай мегурезанд
06.02.2022
Оила
3731

Марди 87-солае, ки муддати 67 сол ягон маротиба оббозӣ накарда, гӯшти хом истеъмол кардааст, бо саломатии беназири худ муҳаққиқонро ба ҳайрат овард. Марди эронӣ Аму Ҷадҷи бо андешаи он ки оббозӣ барояш бадбахтӣ ва марг меорад, муддати 67 сол сар нашустааст. Муддати ин солҳо Аму танҳо гӯшти хоми ҳайвонот аз қабили гӯшти ҷайра хӯрда, фақат оби сарди ҷӯйро менӯшидааст. . Вақте табибон аз кулбаи Ҷадҷи дидан намуда, ӯро аз ташхис гузарониданд, гумон доштанд, ки дар ҷисми ӯ кирму паразитҳои гуногунро пайдо менамоянд, вале мард комилан солим баромад. Табибон бар онанд, ки Ҷадҷӣ бо шарофати масунияти баланди ҷисмаш солим мондааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД