arzon replenishment
Марди, ки доллар ва еврои қалбакӣ месохт ба даст афтид
1170
no-img

Марди, ки доллар ва еврои қалбакӣ
месохт ба даст афтид
“Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ”-гуфтани устод Абу Абдуллоҳи Рӯдакӣ беҳуда нест. Марди асил ҳамонест, ки лаҷоми нафси худро ба даст гирифта метавонад, зеро нафси саркаш ба сари инсон бадбахтиҳои зиёде меорад. Нафси бад касро ба кӯйи гуноҳ ва ҷиноят тела дода, дар байни мардум сархаму шарманда месозад ва ҳатто ба кунҷи зиндон мебарад. Вазорати умури дохили кишвар аз боздошти як марди баднафс хабар додааст, ки ба сохтани пули қалбакӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттиллои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ як марди 33-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир карда шудааст. Номбурда рӯзи 4-уми феврали соли 2022 дар бозори шаҳри Бохтар аз марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки ба хариду фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ машғул мебошад, 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад дастмонаи тиллоиро ба маблағи 82 ҳазору 250 сомонӣ нархгузорӣ карда, ба фурӯшанда 70-адад купюраи 100 доллара, ҷамъ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 38-адад купюраи 50-евра, ҷамъ ба маблағи 1 ҳазору 900 евраи қалбакӣ дода, ҷавоҳиротро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тибқи хулосаи пешниҳод намудаи коршиносон купюраҳои мазкур дар дастгоҳи чопии ранга бо истифода аз техникаи компютерӣ сохта шудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дошта дар сурати собит шудани гуноҳаш харидори маккор чанд соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД