Миёни як ҷавони 31-солаи ҷопонӣ бо номи Шуничи Канно ва амрикоӣ Ҷейми Китон барои гирифтани унвони рекордсмен муборизаи воқеан ҷолиб ба миён омад.
Ин рақобат ҳанӯз соли 2009 оғоз шуда, зиёда аз 14 сол идома кард. Дар ин муддат ҳар ду иштирокчӣ қувваи мушакҳои рӯйи худро санҷиданд. Соли 2009 Канно тавонист 9 бонкаи алюминиро ба сараш бо роҳи вакуумӣ часпонад. Баъдтар рақибаш ин рекордро шикаста, 10 бонка часпонд.
Баъди беш аз даҳ сол ҷопонӣ тавонист унвони худро бозпас гирад: ӯ 11 бонкаи нӯшокиро ба рӯяш часпонд. Маълум шуд, ки машқҳои бисёрсолаи ӯ беҳуда набудаанд.