Formula september
Марди занбоз барои ишқварзӣ бо зани бегона 110 ҳазор сомонӣ дод, вале...
4146

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд як марди 34-сола барои фош накардани сирру асрори ошиқонаашон аз ошиқи занаш 20 ҳазор сомонӣ талаб намуда, ба чанг афтодааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад.

“Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҷ. Расулов бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда дар бораи он, ки ҳамсараш зани 31-сола бо марди 31-солаи сокини ноҳияи Ҷ. Расулов муносибати ошиқона дорад, маълумот пайдо карда, бо маслиҳати пешакӣ аз ҳамсараш хоҳиш кардааст, ки ҷабрдидаро ба манзили истиқоматии муваққатиашон даъват намояд. Рӯзи 1-уми майи соли 2024, тахминан соати 18:00 мард бо даъвати зан ба манзили онҳо омадааст. Мард ҷабрдидаро таҳдид намуда, барои муносибати ошиқонаи онҳоро ба хешу таборонаш фош накардан 20 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст”,- менависад манбаъ.

Ҳамин тавр, гумонбаршаванда ва ҳамсараш ба пули муфт одат карда, бо роҳи таҳдид ва ошкорсозии муносибатҳои ошиқона боз чанд маротибаи дигар аз ҷабрдида маблағи калон талаб карда гирифтаанд. Аз ҷумла, рӯзи 29-уми июли соли равон онҳо аз ҷабридада 30 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, вале бо ин ҳам қонеъ нашуда, талаб кардаанд, ки 60 ҳазор сомонии дигар диҳад.

Ҷабрдида маҷбур шуда, бо ариза ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ. Расулов муроҷиат намудааст. Гумонбаршаванда ва ҳамсараш ҳангоми гирифтани 60 ҳазор сомонӣ дастгир карда шудаанд.

Дар умум, гумонбаршавандагон бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 110 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4-и моддаи 250-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД