Commerc banl
Марди зандида духтари ҷавонро дар зиндагӣ хушбахт карда метавонад?
23.03.2026
Oila.tj
112

Аксари мардоне, ки бо ин ё он сабаб аз ҳамсарашон ҷудо шудаанд, кӯшиш мекунанд, ки духтари хонаро ба занӣ бигиранд. Маъмулан падару модарон низ ба издивоҷи духтаронашон бо марде, ки аллакай як маротиба оиладор шудааст, мухолифат намекунанд, зеро аз назари эшон дар ҷудо шудани оила зани пештараи мард айбдор аст, вале...

Оё марде, ки аз ҳамсараш ҷудо шудааст, духтари ҷавонеро ба занӣ гирифта, ӯро дар зиндагӣ хушбахт карда метавонад?

Аз назари илми равоншиносӣ зиндагӣ бо марди навакак аз таноби зандорӣ раҳоӣ ёфта ба гаштугузор дар замини мина хобонидашуда баробар аст. Камтарин хатогӣ метавонад ҳама чизро барбод диҳад. Маъмулан вақте ки арӯси ҷавон сабаби аз ҳамсари аввалаш ҷудо шудани шавҳарашро пурсон мешавад, мард чунон вонамуд мекунад, ки гӯё саволи ӯро нашунид ё фикраш ба чизи дигар банд аст, вале ин хомӯшии мард маънои онро дорад, ки ҳанӯз ҳамсари қаблиашро аз ёд набурдааст ва сӯҳбат дар ин мавзуъ ба захҳои дилаш намак мепошад. Агар худи мард дар ин бора пайваста гап зада, собиқ ҳамсарашро дар назди арӯси наваш паст занад ва сиёҳ кардан гирад, нишонаи бад аст. Ин рафтори мард аз он шаҳодат медиҳад, ки вай хеле марди худхоҳ ва худпараст буда, аслан занро одам ҳисоб намекунад ва ҳаргиз айби худро ба гардан нагирифта, тамоми гуноҳро ба сари дигарон бор мекунад. Бо сар задани камтарин хато аз арӯси нав мард метавонад ӯро низ дар назди дигарон паст занад, сиёҳ кунад ва ҳатто ба осонӣ аз дар берун созад.

Мушкили дигари духтароне, ки ба марди зандида ба шавҳар мебарояд, аллакай соҳиби фарзанд будани домод аст. Одатан хонумҳои ҷавон шавҳарашонро ба фарзандони аз никоҳи пештара будааш рашк мекунанд.

Албатта бо ин суханон мо гуфтанӣ нестем, ки бо марди аз ҳамсараш ҷудошуда издивоҷ кардани духтари хона тамоман номумкин буда, танҳо бадбахтӣ меорад. Мардҳои ҷудошудае ҳастанд, ки дар ҳақиқат бо сабаби бефарзандӣ, бемории зан ё хиёнат кардани ҳамсарашон оилаашон вайрон шудааст ва ташнаи муҳаббат ҳастанду занро дар ҳақиқат хушбахт крада метавонанд, вале барои ин пеш аз издивоҷ ҷониби арӯс ва худи духтар бояд аз дигарон сабаби вайрон шудани оилаи якуми маро пурсуҷӯ намуда, ҳақиқати ҳолро бифаҳманд ва дар бораи хислатҳои домодшаванда маълумот бигиранд.

Боз як нуктаи муҳим он аст, ки духтари бо марди аз ҳамсараш ҷудошуда бояд дарк кунад, марди аз занаш ҷудошуда нисбат ба ҷавоне, ки борим аввал оиладор мешавда, бештар ба меҳрубонӣ ниёз дорад, зеро як маротиба дилаш шикастаасту захмҳои равонӣ дорад. Ба ақидаи равоншиносон ҳадди ақал ду сол лозим аст, то мард оилаи якумашро фаромӯш кунад ва замҳои дилаш шифо ёбанд.

Муҳимтар аз ҳама арӯси ҷавон бояд мардро ба фарзандони аз зани якумаш буда рашк накунад, зеро аз ҳамсараш ҷудо шудани мард маънои онро надорад, ки мард фарзандонашро фаромӯш мекунад. Шумо инро мехоҳед ё не, вай падар аст ва то охирин нафаси ҳаёташ падар боқӣ монда, ба қадри тавони худ бачаҳояшро дастгирӣ мекунад, зеро ин қарзи падарии ҳар як мард аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД