arzon replenishment
МАРДИ ЗЕБО ШӮЙИ КАС МЕШАВАД?
4256

Марди зебо шӯйи 100 кас мешавад?

Ману ҳамкурсам якдигарро аз нигоҳи аввал дӯст доштем. Азиз бачаи бисёр зебо ва хушқаду қомат аст. Баъзан дар кӯча духтарон рӯирост рақами телефонашонро ба ӯ медиҳанд. Апаву модарам мегӯянд, ки ба ӯ ба шавҳар набароям, чунки марди зебо харидорони зиёд дораду шӯйи 100 кас мешавад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Малоҳат

Маслиҳат:
Одатан дар атрофи номи ҷавонмардони зебо гапу калочаҳо хеле зиёд буда, онҳо бо занакбозӣ ном мебароранд. Шояд баъзеяшон дар ҳақиқат духтарбоз бошанд, вале на ҳама мардҳои зебо хиёнаткоранд. Ҳар марди базеб ишқро ба таври худ мефаҳмад. Ба андешаи нафаре дӯст доштан танҳо туҳфаҳои пурқиммат ҳадя кардану пул додан ба зан аст, дигарӣ ба сари зан мушт бардошта, рашк карданашро нишонаи дӯстдорӣ маънидод менамояд, саввумӣ бошад, аслан ба ишқ бовар надорад. Барои ҳамин шуморо лозим аст, ки дунёи ботинии ошиқатонро омӯхта, то куҷо ошиқ буданашро муаян намоед. Мард, агар дар ҳақиқат дӯст дорад, шоҳдухтарҳо аз пасаш даванд ҳам, ҳеҷ гоҳ ба маҳбубааш хиёнат намекунад. Фикри хиёнат кардан аслан ба сари чунин мард намеояд, чунки ҳушу ёдаш танҳо ба як бону банд аст. Ташвиши шуморо фаҳмидан мумкин аст, аксари духтарон аз ҷавонмардони зебо метарсанд, зеро ба андешаи онҳо хушрӯён дер ё зуд дар нимароҳи тақдир партофта мегурезанд. Барои он ки мардро побанди худ гардонӣ, бояд ба хонуме табдил ёбӣ, ки ин мард як умр дар орзуяш буд ва барои аз даст надодани ӯ ба ҳама қурбониҳо тайёр аст.

Марди зебо чӣ гуна занро мехоҳад?
Аслан, сурати зебо ба дӯст доштану надоштан ягон алоқамандӣ надорад. «Зебо таваллуд нашав, хушбахт таваллуд шав» гуфтаанд, агар дар дил шуълаи муҳаббат фурӯзон бошад, зоғ ҳам дар назарат товус менамояд.
Ҳар шахс табъу завқи худро дорад, масалан ҷавоне ба духтарони зиёд маъқул аст, вале духтаре ӯро ҳатто зебо намешуморад.
Мардони зебо ба таври худ дӯст медоранду ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Одатан одамони зебо андешаи зебо доранд, вале баъзан баръакс ҳам мешавад, яъне дар зери чеҳраи амсоли фаришта зебо сирате манфур ниҳон. Барои ҳамин ҳеҷ гоҳ ба одамон аз рӯи сураташон баҳо надиҳед.
Одамони зеборо бархе чашми дидан надоранду гурӯҳи дигар ба ҳуснашон ҳасад мебаранд. Ҳасадбарӣ маънӣ надорад, ҳар инсон метавонад худро зебо нишон диҳад. Ҷавҳари ҳуснро Худованд ба ҳар офаридааш додааст, фақат онро бояд ташаккул дод. Ҷило бахшидани ҳусни зоҳирию ботинии хеш инсонро дӯстдоштанӣ ва хушбахт месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД