Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг фоҷиа рӯй дода, чаҳор нафар кормандони кони тилои Шугнов бар асари чаппа шудани кӯҳпора ба ҳалокат расидаанд.
МИҲД-и ноҳияи Ховалинг марги ин чаҳор нафарро тасдиқ намуда, гуфтаанд, ки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон барои муайян кардани шахсияти фавтидаҳо дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми сар задани фоҷиа ин 4 нафар ба коркарди тило машғул будаанд ва ҳангоми кофтани чуқурӣ ба болояшон сангу шағал чаппа шудааст. Се тан аз ҷонбохтагон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва як нафари дигар аз шаҳри Бохтар буда, аз 19 то 42 сол доштаанд. Ҷасадҳои онҳоро аллакай пайдо кардаанд ва пас аз ташхис ва дигар амалиётҳои лозима ба аъзои хонаводаҳояшон месупоранд.