arzon replenishment
Марги 7 000 ва бедаракшавии даҳҳо ҳазор дар Либия
346

Шумораи фавтидагони обхезӣ дар кишвари Либия ҳар лаҳза зиёд мешавад.

Ба баёни расонаҳо, аллакай беш аз 7 000 нафар кушта шуда, бештар аз 10 000 нафар бедарак шудаанд. Ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар аз ин офати табиӣ шаҳри Дерна зарар дидааст. Дар ин шаҳр бештар аз 6 ҳазор нафар бедарак шудаанд.

Бояд гуфт, ки боридани аз меъёр зиёди об сабаби чаппа шудани ду сарбанд ва ҷорӣ шудани об ба шаҳр шуд, ки дар натиҷа тамоми маҳаллаҳо зери об мондаанд.

Сарвазири Либия Абдел Ҳамид Дбейба ҳамаи қисматҳои аз тӯфон ва обхезӣ осебдидаро минтақаҳои фалокат эълон карда, дар кишвар мотами серӯзаи миллӣ ҷорӣ шуд.

Ҳоло ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба шахсони осебдида кор мекунад. Сарони чандин кишварҳо омодагии худро барои фиристодани наҷотдиҳандагон ба ин кишвар изҳор доштанд.

Ёдовар мешавем, ки обхезӣ дар шарқи Либия бар асари тӯфони “Даниэл” рӯзи 10-уми сентябр рух дод. Аз офати табиӣ шаҳрҳои соҳилии Ҷабал-ал-Ахдар, Дерна ва Бенғозӣ сахт осеб диданд. Ҳоло дар ин ноҳияҳо соати комендантӣ ҷорӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД