35 years of independency
Марги чеҳраи зидди муҳоҷират дар Русия
26.10.2026
Оила
56

Марги чеҳраи зидди муҳоҷират дар Русия

Михаил Маваши, яке аз чеҳраҳои баҳсбарангези Русия, ки бо мавқеи тунди зидди муҳоҷират маъруф буд, дар шаҳри Воронеж ба ҳалокат расидааст. Ҳоло мақомоти дахлдор сабабҳои марги ӯро таҳқиқ мекунанд.

Маваши фаъолияти худро бо тарғиби тарзи ҳаёти солим оғоз карда, соли 2022 ҳаракати «Северный человек»-ро таъсис дода буд. Ин ҳаракат бо мавқеи зидди муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, шинохта мешуд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, фаъолони ҳаракат дар рейдҳои зидди муҳоҷирон иштирок мекарданд ва ин иқдомҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллии Русия дастгирӣ меёфтанд.

Ба иттилои мавҷуда, дар робита ба марги Маваши фарзияҳои худкушӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми истифодаи силоҳ мавриди баррасии мақомоти тафтишотӣ қарор доранд. Сабаби ниҳоии марги ӯ то ҳол муайян нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД