arzon replenishment
Марги фоҷиавии бобову набера дар як рӯз
13606

Дар шаҳри Исфара дар хонадони Ҷалоловҳо якбора ду фоҷиа рӯй дод. Ду фоҷиаи хунине, ки дар дили аҳли оила ва тамоми ёру дӯстону хешу ақрабо доғи абадӣ ниҳод. Доғи сӯзоне, ки ҳаргиз аз қалби пайвандони ин хонавода зудуда намешавад...


Дар як рӯз бар асари як фоҷиаи хунин аз дарвозаи хонаи Ҷалоловҳо якбора ду тобут баромад. Яке тобути сутуни устувор ва падари хонавда Ҳомидҷон Ҷалолови 63-сола ва дигарӣ тобути тифлаки шӯху бебок, Муҳаммадюсуфи хурдакак, ки ҳамакнун ба синни 10-солагӣ қадам ниҳода, ҳанӯз аз шӯхиву бозиҳои айёми кӯдакӣ сер нашуда буд. Бобову набера ҳамдигарро сахт дӯст медоштанд ва тобу тоқати ҳатто як лаҳза аз ҳам ҷудо шуданро надоштанд, шояд худованд ҳам аз ҳамин хотир ҳардуро якбора ба даргоҳи худ хонд, то дар равзаи биҳишт мисли ду ҳури биҳиштӣ бо ҳам сайру гашт намоянд. Бобову набера дар як рӯзу як соат ба таври фоҷиавӣ ҷон ба ҷонофарин супурданд.
Ин ҳодиса нисфирӯзии 5-октябр, тахминан соатҳои 14.00 рӯй дода, Ҳомидҷон Ҷалолови 63-сола, ки сари чамбараки “Опел-Зафира” менишаст, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди «Кучкак-Исфара-Гулистон» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини «ГАЗ-330210», таҳти идораи ронанда Партовов Саидмаҳмад бархӯрд.
Дар натиҷаи ин садамаи сархӯр Ҳомидҷон Ҷалолов ва набераи хурдсолаш Муҳаммадюсуф Ҷалолови 10-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари ин мошин -Замира Ҷалоловаи 58-сола, Зарина Ҷалолваи 27-сола, ноболиғ Аъзамҷон Ҷалолови 3-сола ва ронандаи мошини «ГАЗ-330210» Саидаҳмад Партовов бо захм ва ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд.
Тафтиш аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД