sebiston july new
Марги фоҷиавии Далер ва Дилбар дар рӯзи иди Ваҳдати миллӣ
1212



Дирӯз дар сар то сари Тоҷикистон марум ҷашни ваҳдати миллиро таҷлил менамуданд, вале дар ин рӯзи иди пуршукӯҳ як хонаи тоҷик мотамсарой гашт...

Сар задани як садамаи сархӯр дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳли оилаеро мотамзада гардонд. Ҳодиса субҳи 27-уми июн, тахминан соатҳои 08:40 сар зада, ронандаи мошини тамғаи “Опел Вектра”, Мирзоев Далер Каримович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд, ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки дар сари чамбаракаш Каримов Аминҷон Наимҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуров нишаста буд, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи тақдирсӯз ронандаи “Опел-Вектра”, Мирзоев Далер Каримович ва мусофираш Мирзоева Дилбар, соли таваллудаш 1966, сокинни шаҳри Панҷакент, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ноболиғ Мирзоев Муҳаммадрофеъ Далерович, соли таваллудаш 2012 ва ронандаи автомашинаи “Мерседес Бенс” Каримов А.Н., ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД