sebiston july new
Марги рэпсарои маъруфи тоҷик дар Русия
742

Дирӯз дар шаҳри Санк - Петербурги Федератсияи Русия рэпсарои маъруф Шодӣ, ки бо тахаллуси Shnaps рэп месароид, фавтид.

Ба баёни дӯстонаш, ӯ чанд вақти охир дар муҳоҷират буд ва он ҷо ҳам ба санъати рэп пойбанд истод.

Гуфта шуд, ки ӯ танҳо модар ва як духтарча дошта, ноновари хона буд.

Ин рэпсаро қаблан бо тими Барон ҳамкорӣ дошт ва узви дастаи "XZ Avlod" буд, аммо баъдан, аз онҳо канор рафту ҳамчун Роҳатӣ рэп месароид.

Марҳум бо забони русӣ ҳам чандин таронаҳо дошта, як рэпаш дар мавриди халқи тоҷик ва китоби "Тоҷикон" дар миёни халқи рус ҳаводори зиёд дошт.

Ӯ бори охир бо рэпсарои дигар Рамазон, бо тахаллуси Ралик, муҳориба ё ба қавле батл доштанд.

Ҳоло дӯстонаш ба хотири овардани ҷасади ӯ ва кӯмак ба хонаводааш дар интернет маъракаи ҷамъоварии кӯмакро шуруъ кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД