Oila Navruz
Марказҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
402

"Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин Устохонаи Лубан дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бунёд шудааст.

Ин нукта дар нишасти матбуотии имрӯзаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ки доир ба ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 баргузор гашт, ироа гардид. 

Давлатзода Қудрат Қамбар, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон илова намуд, ки дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир, ки қисми зиёди онҳо то ҳол дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор нагирифта буданд, барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва шарикони рушд дастрас шуданд.

 

Ҳоло  дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ зиёда аз 600 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 13 кишвари дунё, аз ҷумла Ӯзбекистон дар зинаҳои гуногуни таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД