formula
Маро номард гӯед, аммо...
1705

 

 

Дар оилаи серфарзанде ба дунё омадаам, волидайнам шабу рўз кор мекарданд, то зиндагии мо бофароғат бошад. Меҳнатҳои эшон барабас нарафтанду мо ҳама дар зиндагӣ роҳи худро ёфтем.

Ман донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм намудаму дар як корхонаи бонуфузе чун муҳосиб ба кор сар кардам. Дар ин корхона духтараки ниҳоят соҳибҷамолу хушандоме ба номи Лайлӣ кор мекард, ў котибаи сарвари корхона буд, ана ҳамин Лайлӣ дили маро бурд, ошиқу девонаам кард. Ман ҳар субҳ то ўро набинам, ба кор сар намекардам, бегоҳ низ ўро то наздикии хонаашон гусел мекардам. Аввалҳо духтар маро ҳатто гўш кардан намехост, вале яку якбора ишқи маро қабул кард ва хоҳиш кард то хостгоронамро фиристам.

Аҳли корхона ба ман ким-чӣ хел менигаристанд, вале ман ин ҳамаро аз фарти бахилӣ дониста, ғайр аз кораму Лайлӣ дигар саргармие надоштам. Он солҳо ба коргарони ҷавон хобгоҳ медоданд, азбаски волидони ман дар деҳа зиндагӣ мекарданд, ман дар хобгоҳ иқомат мекардам.

Лайлӣ мегуфт, ки пас аз хонадоршавӣ корхона ба мо хонаи истиқоматӣ медиҳад. Ман ба Лайлӣ гуфтам, ки дар бораи хостгорию ишқамон ба волидайнам мегўям ва бо ў хайрухуш карда, ба деҳа рафтам.

                               Издивоҷи бе дуо

Ман писари кенҷагии оилаамон будаму чор акаю ду апаам аллакай соҳиби хонаву дари ободи худ буданд. Пайвандонам мехостанд, ман ба ягон духтари зебои деҳотӣ шинос шуда, зиндагиямро дар шаҳр идома диҳам. Ман, то дидани Лайлӣ ба ин шарту шароит розӣ будам, вале дигар ҳушу ёди ман банди Лайлии париваш, худамро аз ёд бурда будам, куҷо монад шарту шароити волидайнам…

Волидонам аз омадани ман хурсанд шуданду янгаҳоям дасту остин барзада, пайи пухтани хўроки дўстдоштаи ман оши палав шуданд. Ман низ куфти роҳро бароварда, ҳамроҳи аҳли оила сарҷамъ хўроки шом хўрдему баъди пайи кори худ шудани янгаҳоям ба падару модарам сири диламро кушодам. Падарам чизе нагуфт, вале модарам он қадар моҷарое бардошт, ки на танҳо аҳли хонаводаи худамон, балки ҳамсояҳо низ хабардор шуданд. Зориҳои мани ошиқ ба модарам кора накарданд ва субҳи дигар ман сумкаи сафариямро ба китфам гузошта “ё Лайлӣ ё маро дигар намебинед” гӯён, аз дар баромадам. Модарам аз пуштам бо овози баланд фарёд зад:

-Як шаҳрии беаслу насаб аз падару модар, бародару апаҳоят, барои ту беҳтар бошад, асло набиё! Бахшидамат ба ҳамон Лайлият!

Раҳ ба раҳ диламро сагон тала мекарданд, ки чаро модари азизамро хафа кардам? Вале ба шаҳр расидаму бо дидани Лайлӣ ҳама чиз аз хотирам баромада рафт.

                           «Сағираи бесоҳиб»

Чун ба Лайлӣ аз исёни модарам гуфтам, ў сари маро ба оғўш гирифта гуфт:

-Азизам, ту ғамгин мабош, аксарияти қишлоқиҳо намехоҳанд келини шаҳрӣ дошта бошанд, зеро дар назари онҳо мо бадроҳа, бекорхӯҷа ва дигару дигар ҳастем. Мо бе ризоияти онҳо хонадор хоҳем шуд, баъд оҳиста-оҳиста онҳо моро бахшида, ба хонаамон омада мераванд.

Ман аз ин суханҳои Лайли дар ҳайрат афтода гуфтам, ки “оё падару модари ту ба ин гуна тўй розӣ мешаванд?!”

-Хайр, ту натавонистӣ, ман метавонам,- посух дод Лайлӣ.

Баъди ин гуфтугў як шом Лайлӣ маро ба хонаашон даъват кард, сари мизи пурнозу неъмат падару модар ва хоҳараш менишастанд. Лайлӣ маро ба пайвандонаш чун сағераи бесоҳиб муариффӣ кард, ман низ аз шарму ҳаё чизе ў мегуфт, тасдиқ мекардам. Падараш марди касалнамои бурутакӣ, дастонашро ба рўяш кашида гуфт, “ман ҳам сағира калон шудаам, сағираҳо баномусанд. Ман розӣ, маслиҳат кунеду аз пайи тўй шавед”.

Лайлӣ ба ман нигариста, чашмак зад, ман худамро гум карда будаму ба хусури ояндаам, ҳатто раҳмат ҳам нагуфтам… Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугў мо дар тарабхонаи бонуфузе дар ҳалқаи ҳамкорон тўйи зебое барпо кардем, ҳама хароҷот аз ҳисоби корхона буд. Ману Лайлӣ се моҳ дар хонаи волидайни ў зиндагӣ кардем, баъд аз тарафи корхона бароямон хонаи дуҳуҷрагӣ ҷудо карданд.

                           Ситамгар

Аз хонаводаамон касе ба суроғи ман намеомад, ман ҳам аз онҳо хафа будам, хайр падару модарам майлаш, наход ман ба ёди бародаронам ҳам назанам?! Охир, ман ягон гуноҳи кабира накардаам, фақат барои ишқам мубориза бурдам, аммо ишқ…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД