formula
Маро зебогиам не, садоям маъруф кард!
927

Зиндагинома

Муҳсин Ягона яке аз сарояндагони маҳбуби эронист,ки дар дохил ва хориҷи кишвар бо садои дилнишини худ дар дили ҳоводорини савту наво ҷой гирифтааст.

Ӯ мутаваллиди соли 1987 дар гунбади Кобуси Эрон мебошад.Муҳсин хатмкардаи риштаи муҳандисӣ дар донишгоҳи Озоди Эрон аст. Ду хоҳари бузургтар аз худ,ки яке пизишк ва дигарӣ   дандонпизишк буда, бародаре бо номи Комил дорад. Модараш устоди донишгоҳ ва падараш Алиризо Ягона шаҳиди сарсупурдаи ватанаш аст.

                              Марги падар ва эҷод

Муҳсин ҳангоми 10-моҳа будан падари худро аз даст додааст, марги қиблагоҳ хонаводаи онҳоро ба як шикасти бузург рӯбарӯ кард. Бинобар надоштани вазъи хуби зиндагӣМуҳсин ба курсҳои омӯзиши мусиқӣ рафта натавониста, дар синни 15-солагӣнавохтани чанд асбоби мусиқиро мустақилона, бе устод оғоз намуда, то ба ҳадде дар навохтани гитор ва пианино муваффақ гардидааст.

Муҳсин Ягона дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст,ки “хонаводаам барои қадам гузоштанам дар соҳаи мусиқӣ ризоият намедоданд. Ба ақидаи наздиконам ман саводи хуби илмӣ доштам ва дар ҷодаи илм фаъолият карданам маро муваффақ менамуд. Чун дар дили ман шавқи мусиқӣ буд, баъзан барои шикастани хумор ба мағозаи асбобҳои мусиқӣ рафта, ҳамчун харидор асбоберо менавохтам.Аз ин амали худ хурсанд гардида, аз паси кори худ мерафтам”. Зиндагӣбарои Муҳсин танҳо суруду мусиқӣ буда, ба хотири мусиқӣ донишгоҳро тарк кардааст.

Муҳсин Ягона аввалин таронаи худро ҳамроҳи Муҳсин Човошӣ бо номи “Нашкан диламо”бо тарона ва оҳанги худаш,ки танзимгараш Муҳсини Човошӣ мебошад,сароидааст.Баъд аз ин, албоми нахустини худро таҳти унвони ”Соли кабисе ба сурати зерзаминӣ” пешкаши мухлисони ҳунар гардонидааст.      

                     Албоме, ки пазируфта нашуд

Пас аз нашри аввалин албоми худ чанде аз таронаҳои ягона низ сароидааст, вале бо сабаби душвории зиндагӣ аз саҳна таи чанд сол дур гардида, соли 2010 бо дархости мухлисон албоме бо номи “Нафасҳои беҳадаф “пешкаш намудааст, ки аз ҷониби бархеҳо бо сабаби доштани ҳашт таронаи такрорӣ пазируфта нашудааст ва мухлисон инро дар дафтари эҷодиёти Муҳсини Ягона ҳамчун шикаст баҳогузорӣ намуданд.Эродҳои мухлисон Муҳсинро дилшикаста накардааст, баръакс дар ҷодаи ҳунар бо кӯшишҳои беш аз ҳадди худ ду сол баъд албоми дигареро бо номи “Раги хоб” интишор намуд, ки дар он суруде бо номи” Сукут “дар дили мухлисон ҷойи хоса пайдо намуд.

                     Зиндагии шахсӣ

Соли 2012 Муҳсин зимни мусоҳибаи худ бо яке аз маҷаллаҳои эронӣхабари оиладор шуданашро эълон намудааст.То ба имрӯз танҳо як акс аз ҳамсараш дар саҳифаи инстаграми худ гузоштаасту халос.Ӯ соли 2016 соҳиби духтаре бо номи Нигоҳ гардида, номи чорумин албоми худро низ “Нигоҳ” номгузорӣ кардааст. Худи ҳамон сол модараш Рӯъё дар барномае аз шикасту азобҳои Муҳсин гуфта, писарашро ҳамчун инсони сабур ва дорои истеъдоди баланд муаррифӣ намудааст.

                     Шикасти дубора

Соли 2020замоне,ки Муҳсин дар шаҳри Бам вориди саҳна шуд, аз дохили саҳна яке аз ҳозирин бо шишае, ки дар он маҳлули тунд буд, фазои залро заҳролуд намуда, соати консертро ба қафо гузошт, ки ин шикасти дубораи Муҳсин дар ҷодаи эҷод буд.

                             

Оҳанге, ки Муҳсинро маъруф кард

Муҳсин Ягона яке аз сарояндагони маъруфи Эрон ва солҳои охир Тоҷикистон гардидаст.Оҳанге,ки ӯро дар миёни мардуми мо шӯҳратёб сохт, ин суруди“Behet ghul midam”буда, дар шабакаи ютубканалаш мавриди писанди ҳаводорони зиёде гаштааст.

Муҳсин аз ҷумлаи нафаронест, ки дар як доираи фаъолият набуда, чандин ҳунарҳо доро мебошад.Ӯ устоди мусиқӣ буда, шогирдони зиёде дорад ва бар замми ин, дар синамо низ номи ӯро метавон вохӯрд.То ба имрӯз ҷоизаҳои зиёде дар соҳаи мусиқиву синамо ба даст овардааст.

                              Фактҳои ҷолиб

Муҳсин Ягона барои зебогиаш се дафъа ҷарроҳии бинӣ кардааст, ки ин амали ӯ аз ҷониби мухлисон боиси эродҳои зиёд гашта, сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст.Дар ҷавоби ин эродҳо Муҳсин гуфтааст,ки маро на зебогиам, маро садоям маъруф кард.

Ӯ дар Эрон дар мавриди фурӯши билети консерташ дар зинаи аввал қарор дорад.Муҳсин аввалин сарояндаи расмии кишвари Эрон аст,ки бо зинда суруданаш дар инстаграм аз ҷиҳати тамошо баландтарин мақомро гирифтааст.

Таҳияи Суман Убайдуллозода

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Бахром 2023-07-19, 21:41
Ахсан бародар мувакатиятон рохохонам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Бахром 2023-07-19, 21:41
Ахсан бародар мувакатиятон рохохонам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД