orienbank akciya
Марям Исоева ҷашни мавлуд дорад
686



Имрӯз яке аз сутунҳои устувори санъат ва фарҳанги тоҷик, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Марям Исоева ҷашни мавлуд дорад.

Марям Исоева 1-майи соли 1937 дар қалби Тоҷикистон-шаҳри зебои Душанбе чашм ба олами ҳастӣ боз карда, соли 1954 мактаби миёнаро хатм ва соли 1956 ба Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Москва дохил шудааст. Дар ин даргоҳи ҳунар тамоми нозукиҳои санъати театриро аз устодони сахтгир ва серталаб омӯхта, соли 1960 Марям ба Тоҷикистон бармегардад. Ҳунарпешаи ҷавонро ба театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) мефиристанд, вале дурахши ҳунару истеъдоди волои Марям Исоева мисли алмоси пурҷило аз чашми масъулини соҳаи санъат дур намонда, пас аз як сол ӯро барои кор ба бонуфузтарин театри Тоҷикистон-Театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ба кор даъват намуданд.

Ҳамин тавр риштаи тақдири Марям Исоева бо ин театри номдор бипайваст ва инак беш аз аз 60-сол мешавад, ки ин зани сар то ба по ҳунар дар саҳнаи баланди театри Лоҳутӣ нақшҳои ҷаззоб ва мондагор меофарад.

Марям Исоева дар тӯли фаъолияти эҷодиаш дар саҳнаи театр, кино ва телевизион ҳазорон образҳои хотирмон ва ҷаззоб офаридааст, аммо тамошобинон ӯро бештар ҳамчун модари саҳнаи тоҷик мешиносанд ва пеши ҳунару истеъдоди баландаш сари таъзим фуруд меорад, зеро ҳеҷ як ҳунарпешаи дигар бузургию бахшояндагии модари тоҷикро мисли Марям Исоева бо тамоми нозукиҳояш офаридаву тасвир карда наметавонад.

Симои ашрофона, иродаи қавӣ ва матонату сабӯрии Марям Исоеваро дида, бисёриҳо гумон мекунанд, ки ин зани машҳур як умр ҳаёти шоҳона ба сар бурда, дарду доғеро надидааст, вале дар асл зиндагии ин зани ҳунарманд мисли баҳри пуртуғён пур аз мадду ҷазу туфон аст. Марям Исоева махсусан дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ранҷу азобҳои зиёде кашида, мухолифин борҳо қасди куштани ин ҳунарманди асилро намудаанд.

Худи Марям Исоева ҷон ба саломат бурда бошад ҳам, душманон дар як рӯзи наҳс духтар, домод ва набераи хурдакакашро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида, дар дили модари зор доғи абадӣ ниҳоданд. Дарди ҷонсӯзеро, ки он рӯзҳои талх ин зани ҳунарманд аз сар гузарон идааст, фақат худаш медонаду худованд, вале...

      Зиндагии пурпечутоби Марям Исоева

Ба ҷойи Марям Исоева каси дигар мебуд, аз тарси ҷон тарки Ватан мекард ё аз он ҳама дарду ғами бузурге, ки душманони гургсират ба сараш оварданд, аз ақл бегона мешуд, аммо Марям Исоева ба рағми душманон ва тақдири номард дар ҳамон солҳои душвори ҷанги бародаркуш дар пойтахтӣ театри кӯдаконаи “Гули умед”-ро ташкил кард.

Замоне, ки мардум нони хӯрдан надоштанд, замоне, ки дар кӯчаҳо ба ҷойи об хуни одамизод ҷорӣ буд, замоне, ки садои тиру туфанг ҳама садоҳои дигарро хомӯш карда, танҳо ғулғулаи ваҳшатзои марг ҳама ҷо танинандоз буд, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Марям Исоева ба хотири зинда нигоҳ доштани санъату ҳунари тоҷик ба кӯдакони хурдсол сабақи маҳорат ва ҳунари саҳнавӣ омӯхта, намоишномаҳои ҷаззобро ба саҳна мегузошт ва дарду доғи мардум, аз ҷумла ғарибонро тасвир мекард, то ҳарчи зудтар сулҳу ваҳдат пойдор гардад...

Муносибати хушдоман ба келину домодҳо аз назари Марями Исоева

Дертар бо туҳмату бӯҳтон ва иғвогарии душманон театри кӯдаконаи “Гули умед” баста шуд, вале гули умеди Марям Исоева нахушкид.
Ин зани мубориз то ба имрӯз ба пешаи интихобкардааш содиқ мондааст ва ба синну солаш нигоҳ накарда,то кунун дар саҳнаи театри тоҷик нақшҳои ҷаззоб меофарад.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила. тч Ҳунапешаи Халқии Тоҷикистон, модари саҳнаи тоҷик-Марям Исоеваро бо ҷашни мавлуд самимона табрику муборакбод гуфта, ба ин ҳунарманди асил умри дароз, тани сиҳат, сари баланд ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно доранд. Умедворем, ки Марям Исоева рӯзе ба синни мубораки 100-солагӣ мерасад ва кулли мухлисон бо гулу гулдастаҳо ба муборакбодии ин устоди ҳунар мераванд.

Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,
Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизиҳ!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД