Масъалаи кушодани парвози мустақим байни Душанбе ва Доҳа баррасӣ шуд
78

Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода дар Доҳа бо мудири кулли Идораи авиатсияи граждании Қатар Муҳаммад Фолиҳ Ал-Ҳаҷрӣ мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имкони роҳандозии парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Доҳа, ҳамчунин рушди авиатсияи боркаш ва тиҷоратиро баррасӣ намуда, ҷониби Қатар омодагии худро барои ташкили парвозҳои мустақим дар ин самт тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ изҳор доштааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон сиёсати "Осмони боз"-ро ҷорӣ намудааст ва бо мақсади ҷалби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сайёҳон ва сармоягузорӣ ба хадамоти фурудгоҳҳо то 40% тахфиф дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД