goodwell
Машъалафрӯзи башар
118

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор эълон гардидааст.

Дар кишвари азизамон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Ҳамасола барои омӯзгорон имтиёзҳои нав пешбинӣ гардида, маоши онҳо баланд бардошта мешавад. Ин тадбирҳо барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва фаъолияти касбии омӯзгорон, инчунин таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа равона шудаанд. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни махсус "Дар бораи мақоми омӯзгор" қабул шудааст.

Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳои ӯ, кафолатҳои давлатӣ ва масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии омӯзгоронро муайян намуда, барои таҳкими мақоми ин касби пуршараф заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Дар ситоиши омӯзгор ва нақши бузурги ӯ дар тарбияву ташаккули аҳли башар андешаҳои арзишманду пурмуҳтаво аз ҷониби шоирону олимон ва сиёсатмадорон баён гардидаанд. Бо дарназардошти ин, тасмим гирифтем иқтибосҳоеро аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мақому манзалат, рисолати пуршараф ва заҳмати омӯзгор бахшида шудаанд, пешкаши хонандагон намоем.

***

Маҳз омӯзгорон - машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд.

***

Дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид ва имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем.

***

Омӯзгор меъмори маънавии ҷомеа аст ва эҳтиром ба ӯ эҳтиром ба ояндаи миллат мебошад.

***

Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат ва гармии дили худро бе дареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад.

***

Омӯзгорон рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро бар дӯш доранд ва ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзонанд.

***

Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст.

***

Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат пеш аз ҳама омӯзгорон саҳмгузоранд.

***

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД