arzon replenishment
МАСҶИДҲОРО 600-СОМОНӢ “АНДОЗ” БАСТАНД?
2594


Шӯрои уламои ҷумҳурӣ дар ҷаласаи навбатии худ санаи иди қурбонро муайян намуд. Тибқи қарори Шӯрои уламо иди қурбон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 20-июл таҷлил карда мешавад. Намози ид дар масҷидҳои ҷомеъ соати 6.30-и субҳ барпо хоҳад гашт.

Шӯрои уламо тамоми масҷидҳоро муаззаф гардонидааст, ки маблағи муайянеро ба хазинаи Маркази исломии Тоҷикистон биспоранд. Аз ҷумла дар банди чоруми қарори маҷлиси Шӯрои уламо омадааст:
“Маблағи ҳаққи аъзогии масҷидҳои ҷомеи ҷумҳурӣ аз ҳисоби иди Қурбон ба миқдори 600 (шашсад) сомонӣ муайян карда шуда, ба хазинаи Маркази исломӣ супорида шавад...”
Назорати иҷроиши банди мазкури қарор ба зиммаи сармутахассиси Раёсати Фатво Сангалиев Маҳмуд вогузор карда шудааст.
Имомхатибон ҳамчунин муаззаф гаштанд, ки дар мавзеи зисти худ таваҷҷӯҳи мардумро ба риояи қоидаҳои беҳдоштию зидди куруно ва дигар масъалаҳои муҳим ҷалб намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД