Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳама намуди воситаҳои нақлиёт барқарор гардид.
Ба иттилои ширкати IRS, оқибатҳои сел дар ноҳияи Варзоб бартараф карда шуданд. Бар асари боришоти шадид маҷрои дарё баста шуда, об ба роҳи асосӣ баромада буд. Айни ҳол роҳ боз буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба таври муқаррарӣ идома дорад. Ҳамзамон, ширкат хабар додааст, ки боришот дар минтақа идома дорад.
IRS аз ронандагон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар ин масир эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.