sebiston july new
Маслиҳатҳои муфид ба ҷавононе, ки духтари зебоеро ба занӣ гирифтаниянд
1899

Шумо кайҳо боз духтареро таги чашм кардаеду мехоҳед бо маликаи орзуҳоятон оила бунёд намоед, вале намедонед, ки чӣ тавр дили он нозанинро ба даст биёред? Ба хотири кумак ба ҷавонмардоне, ки нияти оиладоршавӣ доранд, имрӯз мо дар бораи роҳҳои осони ба даст овардани дили намояндагони ҷинси латиф маълумот медиҳем.

1. Пеш аз ҳама муайян намоед, ки бонуи писандидаи шумо ба ҷавонмарди дигаре дил бастааст ё не. Метавонед дар ин бора аз дугонаҳои наздикаш бипурсед.

2. Ба саҳифаҳои духтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, бо киҳо ошноӣ доштан ва бештар дар кадом мавзуҳо бо дӯстонаш суҳбат карданашро муайян намоед. Ин барои фаҳмидани дунёи ботинии он зебосанам ба шумо ёрӣ мерасонад.

3. Бо ҳар як амалу рафтори худ нишон диҳед, ки дар байни тамоми бонувон ӯ мисли маҳтоб дар байни ситораҳои бешумор ягона ва бе мислу монанд аст. Бовар кунед, дилхоҳ зан ё духтар аз эҳсоси он ки барои ин мард ӯ ягона аст, обу адо мешавад.

4. Барои он ки духтар ба маънои томаш ба шумо дил дода, дар ҳақиқат дӯстатон дорад, бояд ҳатман ба боварии ӯ дароед. Самимӣ бошед ва ҳеҷ гоҳ духтарро фиреб надиҳед.

5. Барои дили духтарро тасхир намудан дар борааш бештар маълумот ҷамъ кунед: чиро дӯст медорад, вақти холигиашро чӣ хел мегузаронад, нақшаву орзуҳояш дар зиндагӣ, марди идеалӣ ва ба оиладорӣ тайёр будан ё набуданаш. Маълумотҳои мазкур калиде хоҳанд гашт, ки барои боз кардани дари дили духтар ба шумо ёрӣ мерасонад.

6. Чизҳоеро тақдим кунед, ки кайҳо орзу мекард, дар мавзуҳое суҳбат кунед, ки ба дилаш наздик аст, бо ҳар як амалу рафтори худ нишон диҳед, ки ҳамеша ҳамдаму ҳамрозаш мемонед ва ӯро дастгирӣ мекунед.

7. Тамоми бонувон тозагию озодагиро дӯст медоранд. Ришатонро тарошида, либоси тозаву озода пӯшида, атри хушбӯй пошед ва чун ҷавонмарди ҳақиқӣ бо гулу ширинӣ ба вохӯрӣ равед.

8. Вақте ки ҳамроҳи духтар ба ягон ҷо меравед, хасисӣ накунед, зеро бойтарин занону духтарон низ аз марди хасис мегурезанд.

9. Фаромӯш накунед, ки кӯча ё боғ ҷойи суҳбатҳои ҷиддӣ нест. Духтарро ба ягон тарабхона ё қаҳвахонаи зебо бурда, сари як пиёла чой изҳори муҳаббат намоед ва мақсадатонро бигӯед.

Боқӣ, ба шумо хушбахтӣ хоҳонем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД