Arzon march 2024
Масъули тарбияи фарзанд кист - оила, мактаб ё ҷомеа?
720

Мардуми тоҷик аз азал ба тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода, барои ҳамчун фарзандони хубу намунавӣ ва бо нангу номус ба воя расонидани онҳо ҳамеша кўшиш мекарданд. Вале чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки ин рисолати оилаҳо коста шуда, аллакай масъулияти тарбияро оила бар дӯши мактаб, мактаб баръакс ва ё ҳарду бар уҳдаи ҷомеа мегузоранд. Чаро аҳвол чунин аст? Барои баррасии ин масъала бо Толибшоҳ Ашур Наҷмуддинзода, таҳлилгари масъалаҳои мактабу маориф, омӯзгор ва собиқ декани факултаи педагогикаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ суҳбат кардем.

- Мушоҳида мешавад, ки чанд соли охир қонуншиканию ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, ба вежа хонандагони мактаб зиёд шудааст. Сабаби ин дар бештари маврид дур мондан аз тарбия гуфта мешавад. мегуфтед, ки масъули тарбияи насли наврас кӣ аст – оила, мактаб ё ҷомеа?

- Албатта, оила. Пеш аз ҳама, падару модар, дар ташаккул ва рушди ахлоқию маънавии фарзанд нақши калон доранд. Агар исбот хоҳед, мегӯям. Аҳамияти аввалиндараҷаи оила дар он аст, ки фарзанд, шуруъ аз таваллуд қисми зиёди умри худро дар муҳити оила мегузаронад, на мактабу ҷомеа ва ҳамчун шахсият низ дар оила ташаккул мёбад. Аз ин сабаб, масъулияти асосӣ бар уҳдаи падару модар аст. Баъде, ки қадамҳои аввалини худро ба мактаб мегузорад, ин рисолат тақсим мешавад ва ин маънои онро надорад, ки як кас масъули тарбияи ӯст. Не, минбаъд раванди таълиму тарбия дар ҳамкории зичи падару модар бо мактаб сурат мегирад. Ин ҷо ҷомеа ҳанӯз масъулияти чандон надорад, зеро ҷомеаи кӯдак ҳоло ҳам оила, ҳамсинфон ва омӯзгоронашанд.

- Пас, барои тарбияи фарзанди нек худи падару модар бояд намунаи ибрат бошанд?

- Бале. Тарбия ва ба камол расонидани насли хубу солим дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва сатҳи маърифати оиладории падару модар сарчашма гирифтааст. Зеро ташкили оила ва тарбияи фарзандон бузургтарин масъулияти ҳар як зану мард дар ҷомеа аст. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, фарзандон ва бо ин восита ҷомеа ҳам солиму устувор мегардад.

- Барои тарбияи дурусти фарзанд қадамҳои нахустин ва асосӣ кадомҳоянд?

- Фарзанд тавре бояд тарбия шавад, ки нахуст дорои адабу рафтори нек ва фаросати баланди инсонӣ бошад. Пас аз ин, вай меҳр ба хондан дошта, ҳамчун соҳиби илм ба камол расад. Барои ин падару модараш бояд дар назди ӯ китоб хонанд, ҳамдигарро таҳқиру дашном накунанду аз зӯроварию хушунат истифода набаранд, чунки фарзанд ин ҳамаро ёд мегирад. Барои кӯдаки хурд аввалин намуна оилааш аст ва агар падараш ҳақорат кард, пас ӯ ҳам ҳақоратчӣ мешавад,вале агар ӯ китобу рӯзнома хонд, фарзандаш ҳам китобхон мешавад. Шарти муҳимтарини тарбия ин одобу дониш доштани худи волидон ё тарбиякунандагон аст.

- Чанд сол қабл барои танзими масъулияти волидон дар самти таълими фарзанд қонунгузорӣ тадбир андешид. Зарурати қабули ин қонун то куҷо буд?

- Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа такони ҷиддие ба вуҷуд овард. Зеро мардум дарк карданд, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо масъалаи оилавӣ, балки аллакай уҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст. Мақсади қонун боз ҳам баланд бардоштан ва пурзўр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

- Як масъалаи ташвишовари дигар ин душвортарбия шудани баъзе аз хонандагон аст. Сабаби асосӣ чист ба назари шумо?

- Камтаваҷҷӯҳӣ. Бале, таваҷҷуҳ накардан ба рафтору одоби фарзанд, назорат накардани реҷаи рӯзи ӯ, нашинохтани дӯстону рафиқонаш, пайваста сарзаниш кардани фарзанд ӯро душвортарбия мекунад. Масалан, дар деҳа агар як чорво шом ба хона наояд, тамоми аъзои оила ба ҷустуҷӯяш мераванд, вале фарзанд ба хона дер бармегардад ё шаб тамоман намеояд, вале волидайнаш ин рафторро муҳокима намекунанду намепурсанд, ки ӯ то ин вақт дар куҷо буду бо киҳо ва чӣ кор мекард. Ана, бо ҳамин роҳ фарзанд ба шабгардию ҷӯрабозӣ одат мекунад. Агар сари вақт пеши ин амал гирифта шавад, ӯ ин корашро бас мекунад. Ин, пеш аз ҳама, масъулияти волидайну оила аст акнун. Барои ояндаи фарзанд маҳз онҳо ҷавобгӯянд, на мактаб. Хуб аст, ки ҳоло дар мактабҳо равоншиносон кор мекунанду бо ин гуна хонандагон корбарӣ менамоянд, вале ин пурра роҳи ҳал нест, зеро “пешгирӣ беҳтар аст аз табобат” гуфтаанд. Бинобар ин, бояд пешгирӣ кард, ки фарзанд душвортарбия нашавад.

- Дуруст аст, ки дар тамоми мактабҳо масъули тарбия аст, яъне дар ҳамаи мактабҳо вазифаи муовини директор оид ба тарбия амал мекунад. Пас, ӯ метавонад ҷойи падару модарро дар самти тарбия гирад?

- Не. Медонед, то ҷое, ки ман огоҳӣ дорам, кору ташвиши муовинони директор оид ба тарбия дар мактаб хеле зиёд аст ва баъзан онҳо ба вазифаи асосии худ вақт намеёбанд. Онҳо соати дарсӣ мегиранд, ба дарсҳо медароянду таҳлил мекунанд, корҳои ҷамъиятӣ доранд ва чандин супоришҳои иловагии дигарро иҷро мекунанд. Барои иҷрои пурраи вазифа онҳо бояд аз дарс озод бошанд ва танҳо рисолати худро иҷро кунанду назорат баранд, ки роҳбарони синфҳо соати тарбиявӣ гузаранд, зеро ин дарс агарчи дар ҷадвал ҳаст, вале дар бештари маврид риоя намешавад. Аз ин рӯ, бояд муовинони директор оид ба тарбия аз ҳамаи корҳои иловагӣ озод бошанд ва танҳо ба тарбияи насли наврас дар муассисаи таълимӣ машғул гардида, ҳар лаҳза рафтору кирдори хонандагон ва муносибати онҳоро бо омӯзгорон назорат кунанд.

- Мушкили дигар ҷудошавии оилаҳои ҷавон аст. Ин омил то куҷо метавонад сабаби бетарбия шудани фарзандон гардад?

- Мутаассифона, ин мушкилии бузург аст. Ман ҷомеаро зиёд меомӯзам ва борҳо шоҳид будам, ки баъзе аз калонсолонамон худашон ба тарбияву насиҳат ниёз доранд, махсусан вақте онҳо падар ё модаранд. Бубинед, ҳангоме ки як оила ҷудо шуд, чанд кӯдак аз тарбия дур мемонад. Фарзандро танҳо падару модар дар якҷоягӣ тарбия дода метавонанд, на якеашон Вақте ки худи волидон ба тарбия ниёз доранду аз уҳдаи пеш бурдани зиндагӣ ва озиш бо ҳамдигар баромада наметавонанд, чӣ гуна метавонанд фарзандро тарбия кунанд? Ин савол ҷавоб мехоҳад. Бинобар ин, бояд аввал роҳи пошхӯрии оилаҳоро гирифт ва баъд дар мавриди тарбияи фарзандонашон суҳбат кард. Модар ё падари танҳо баъди ҷудо шудан вазифаи худро дар таъминот бо либос ва маводи ғизоӣ медонанд, чун алимент додан ба ҷойи меҳру муҳаббат.

- Рисолати мактабро дар чӣ мебинед дар ин самт?

- Дар муассисаи таълимӣ хонанда ва омӯзгор ҳар яке вазифа доранд. Вазифаи хонанда хондану барномаи таълимиро аз худ кардан ва вазифаи омӯзгор омода шудан ба дарс, нақшаи дарси яксоата навиштан, самаранок ташкил ва гузаронидани соати дарсӣ мебошад. Худ қазоват кунед, агар муаллим ба шогирд супориш надиҳаду талаб накунад, аксари хонандагон дарс мехонанд? Яъне, хонанда интизори супориши устоду омӯзгор мунтазири посухи хонанда мемонад. Дар зиндагӣ, кору фаъолияти ҳар яки мо ин ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст. Зеро аксарияти мо бо ҳамин шакли тарбия ба воя расидаем. Дар кадом сатҳу вазифае набошем, то аз роҳбарияту мақомоти боло супориш надиҳанд ва ё талаб накунанд, вазифаи худро иҷро намекунем. Омӯзгорону хонандагонро мебояд мустақил бошанд ва бидуни супоришу талаб худашон вазифаашонро иҷро кунанд. Ҳамин аст, рисолати мактуб маориф.

- Яке аз шаклҳои тарбияи суннатии мо, ки дар вуҷуди кӯдак аз тифлӣ ҷой кардани тарсу ҳарос мебошад. Ин барои ботарбия шудани кӯдак саҳм мегузорад?

- Қатъиян не. Дуруст аст, ки волидайн ва баъзан калонсолони оила ба хотири оромиш аз амалҳою ҳаракатҳои зиёд, шӯхию бозиҳои кӯдакона боздоштани фарзанд ӯро аз ҳар гуна ҳайвонҳои даранда, хазандаю чаранда, аз духтуру милиса, аз деву аҷина тарс медиҳанд. Бо ин роҳ онҳо кӯдакро аз озодона амал кардан дур мекунанд. Агар ба чизе даст дароз кунад, ба дасташ мезананд, “мегазад”, “мезанад”, “месӯзад”, “мехӯрад”-гӯён ӯро метарсонанд. Ин шакли тарбия боис мегардад, ки кӯдак тарсу ба воя мерасад, бовар ба худро гум мекунад. Аз ҳар гуна овозу садоҳо метарсад. Пинҳон мешавад. Ҳарос аз танҳо бозӣ кардан, танҳо хобидан, танҳо мондан мекунад. Ин тоифа кӯдакон бузург ҳам шаванд, тарсу ҳарос дар вуҷудашон боқӣ мемонад. Дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ дар мемонанду қарор қабул карда наметавонанд. Дар маҷмӯъ, онҳо беирода мешаванд. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки аксари кӯдакони чунин тарбиядида дар зиндагӣ муваффақ намешаванд, дар байни ҳамсинфону ҳамкурсон, ҳамсолону ҳамкорон мавқеи хуб пайдо карда наметавонанд ва доим мавриди мазоҳу масхара қарор мегиранд. Яъне, ин роҳи ҳал нест.

- Пас, барои мустақилияти кӯдак ӯро чӣ гуна бояд тарбия кард?

- Дар бештари оилаҳо агар фарзанд ба суҳбати калонсолон ҳамроҳ шавад ё хоҳиши баёни фикрашро кунад ва ё ба фикре розӣ нашавад, дарҳол падар ё модар гап заданро барояш манъ намуда, ҳатман мегӯянд, ки ӯ ҳаққи гап задан дар назди калонсолонро надорад ё забонаш дароз шудааст. Бадбахтона, ин тарзи муносибат пайваста такрор мешавад ва ин ба он оварда мерасонад, ки баъзе фарзандон аз суҳбат кардан бо калонсолон канораҷӯӣ мекунанду чунин фурсатро аз дӯстонашон меҷӯянд ва баъд аз онҳо маслиҳати нодуруст гирифта, ба роҳи каҷ мераванд. Бале, чунки вақте дар хона ба кӯдак бо оҳанги амру фармон муошират намуда, дар гуфтору амали ӯ маҳдудият мегузоранд ва фикру ақидаашро намешунаванд, ӯ худро дар оила нодаркор меҳисобад ва ҳангоме ки дар байни бачаҳои кӯча фикру ақидааш дуруст ҳисобида шуда, дастгирӣ меёбад, худро дар кӯча, дар байни бачаҳо озод эҳсос мекунад ва кӯчагӣ мешавад. Бинобар ин, бояд аз рӯзҳои аввал фикри кӯдакро ба инобат гирифт, андешаашро шунавид ва агар ғалате дорад, ислоҳ кард. Ана, ин аст роҳи дурусти тарбия.

- Ниҳоят, дар ин роҳ вазифаи ҷомеа чӣ аст ва ҷомеа чӣ гуна метавонад кӯдакро тарбия кунад?

- Ҷомеа кӣ аст? Ману шумо ва ҳамаи атрофиёни кӯдак, мақомот ва милитсияву табибу имом-хатиб. Вақте мо бо кӯдак суҳбат менамоем ва иқдоми аз ҷониби ӯ мебинем, бояд дастгириаш кунем. Вақте дидем, ки назараш ғалат аст, набояд ӯ маҳкум шавад, балки бо мисолҳои мушаххас фаҳмонем, ки роҳи дуруст кадом аст. Ӯро аз ҳад зиёд насиҳат накунем, балки ҳамчун як шахсият ё нафари озоду мустақил ҳамроҳаш суҳбат кунем. Ин аст рисолати ҷомеа.

- Ва ниҳоят роҳи ягона ва асосиро дар кӣ мебинед?

- Дар ҳарсе. Агар падару модар дар хона, омӯзгор дар мактаб ва ҷома дар кӯча ба тарбияи кӯдак машғул шавад, ӯ бешак дар оянда соҳиби одобу рафтор мешавад. ин ҷойи баҳс надорад дигар.

- Ташаккур барои суҳбат!

Мусоҳиб: Мирсаид САТТОРИЁН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД