Дар бораи нисбатан сербориш омадани тирамоҳи соли гузаштаву зимистони имсола ва дар ин замина зиёд гардидани сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришу мақолаҳои зиёд пахш ва нашр шуд.
Тармафароӣ дар масири Душане – Чаноқ бениҳоят зиёд буда, баландии аксар тармаҳо то 20 метр ва паҳноияшон зиёда аз 900 метр буд. Он рӯзҳо теъдоди тармаҳо зиёда аз 1000 адад расида, ки даҳҳо километр роҳ пурра зери тарма монд. Ба маҳали зикршуда зиёда аз 76 техникаву механизми филиали ширкат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо ҳатто шабона қатъ нагардид.
Чун шиддати боришот ва теъдоди тармаҳо дар ин масир собиқа надошт, ин ҳолат барои роҳбарият ва кормандони IRS шабеҳи боз як имтиҳони ҷиддӣ буд. Бо истинод ба корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки онҳо ин имтиҳонро низ чун ҳарвақта сарбаландона гузаштанд. Тавре шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, сарфи назар аз мушкилоти зиёд, кормандони IRS фаъолияти худро шабонарӯзӣ ва ҳатто бо баҳои ҷони худ ба роҳ монда, тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин бошаду мусофирону воситаҳои нақлиёти дар банди барф дармонда ба мавзеи бехавф интиқол ёбанд.

Хулоса, роҳи Душанбе - Чаноқ масирест, ки ҳамеша бо офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад. Мубориза бурдан бо ин офатҳо ва бартараф кардани зарари онҳо қувваи кориву хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Аз дидани пайомади боришу тармафароии ин мавсим, ки то ҳоло дар масири мазкур боқӣ мондааст, боварӣ ҳосил намудам, ки воқеан ҳам фаъолияти кормандони IRS қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Ба ибораи дигар, бориши пуршиддату давомдори барф ва тармафароии бениҳоят зиёд дар роҳи Душанбе – Чаноқ бори дигар кордониву ҷасорат ва масъулиятшиносии роҳбарияту кормандони IRS-ро ба маъраз гузошт.
Муҳим он аст, ки ба шарофати иродаи хастагинопазири онҳо дар ин марҳилаи бениҳоят ҳассос эътимоди шаҳрвандон ба он ки роҳи Душанбе - Чаноқ дар симои IRS нигоҳбони боэътимод дорад, тамоюли афзоишро касб намуд. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки ағбаи Анзоб ва гирду атрофи он хосатан дар фасли зимистон хатарноктарин роҳ аст. Ягон соле набуд, ки аз ин масир хабари фоҷиавӣ нашунавем. Хусусан дар наздикии минтақаи Майхура, саҳеҳтараш, аз гардиши васли рӯди Сиёма ба рӯди Варзоб то Майхӯра ҳар сол даҳҳо нафар зери тарма мемонданд. Бинобар ин, мардум ин қитъаи ваҳим ва пуртаҳлукаро аз замонҳои пеш “Новаи мурдаҳо” номидаанд. Маҳз бо ин сабаб ҳамасола 7 моҳ рафтуомад тариқи он ғайриимкон буд. Ҳарчанд қабл аз соҳибистиқлолӣ мушкилоти ин роҳро масъулини вақт медонистанд, аз фоҷиаҳо воқиф буданд, аммо мегуфтанду менигаристанд ва мерафтанд. Лоиҳаи нақби Анзоб (ҳоло Истиқлол) дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ гардида, аммо дар татбиқи он афсона эътироф шуда буд. Маҳз ба шарофати нияти нек ва азми қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсона ба воқеият табдил ёфта, ҳоло мардум аз роҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳо истифода карда истодаанд.
Бунёди роҳ агар омили асосии ҳалли мушкил бошад, нигоҳдории он идомаи мантиқии ин раванд аст. Аз ҷониби дигар, нигоҳдории роҳ кори саҳл, ҳамон тавре, ки баъзеҳо мепиндоранд, набуда, хароҷоти зиёд дорад.
Бемуболиға метавон гуфт, ки дар давоми фаъолият роҳбарият ва кормандони IRS, ки дар асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нтгоҳдории роҳи мазкур ба зиммаашон вогузор гардидааст, рисолати хешро бо садоқат иҷро карда, дар ин раванд ба маънои том қаҳрамониву фидокорӣ нишон доданд. Шоҳид ҳастем, ки дар мавсими сармо кормандони IRS шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард менамоянд, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим мекунанд.

Бо фаро расидани гармо сарбории кормандони он зиёдтар шуда, таъмири куллӣ ва ҷории роҳ, азнавсозии пулҳо, тоза намудани ҷӯйборҳои канори роҳ, насби аломатҳои он, соҳилмустаҳкунӣ, бунёди пойдеворҳо ва дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳи Душанебе – Чаноқ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ва ҷалби мутахассисони болаёқат амалӣ мегардад. Барои қиёс ва хулоса зикр бояд кард, ки таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда тамоюли афзоишро касб карда, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 - 10000 тонна, 2015 -15000 тонна, 2016 - 13575 тонна, 2017 - 51551 тонна, 2018 - 30864 тонна, 2019 - 49862 тонна, 2020 - 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна, 2022 - 39916 тонна, 2023 - 25079 тонна, 2024 - 18408 тонна ва соли 2025 ба 25204 тонна асфалт расид. Дар маҷмуъ, давоми фаъолият барои таъмиру таҷдиди роҳи мазкур қариб 400000 тонна асфалт харҷ шудааст. Ба ибораи дигар, бо асфалте, ки IRS давоми 16 соли фаъолият барои нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ харҷ кардааст, бунёди боз як шоҳроҳи нави ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ имконпазир аст. Баҳри тақвияти андеша, ҳамчунин, бамаврид аст ёдовар шавем, ки барои таьмиру таҷдиди роҳи зикршуда мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шудаанд. Инчунин, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинигардидаи марбут ба филиали ширкат дар ин раванд саҳми бориз доранд.
Бо истинод ба роҳи паймуда ва дастовардҳои ноилгардида метавон гуфт, ки 16 соли сипаришуда барои роҳбарият ва кормандони филиали ширкат марҳилаи сабақомӯз, рушду такомул, тавсеаи равобит, болоравии нуфузу обрӯ, ташаккули афкори ҷомеа маҳсуб мешавад. Давоми фаъолият кормандони филиали ширкат бо ташаббускорӣ ва поквиҷдонӣ собит намуданд, ки қодиранд нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намоянд.
Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати масъулиятшиносии кормандони IRS мардум мутмаин гардиданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаашон ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори (зербинои) нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Маҳз дар ин замина собит шуд, ки ба зиммаи ширкати мазкур вогузор шудани роҳи мавриди назар тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, ба нигоҳдории ин шоҳроҳ, таъмини рафтуомади шаҳрвандон аз ҷануб ба шимоли кишвар, фаровонӣ дар бозорҳои мамлакат ва ғайра рабт дорад. Аз ҷониби коршиносон низ эътироф шуд, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тими пурқувват табдил ёфта, мутахассисонаш дорои малакаи баланди касбӣ ва пойгоҳи техникии он ғанӣ мебошад.
Чанде пеш кормандони филиали ширкат мавсими имсолаи таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқро оғоз намуданд. Имсол низ чун солҳои қаблӣ омодагӣ барои дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шудани ин кор ҷиддӣ буда, корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва техникаҳои барои таъмир махсусгардонидашуда барои пешбурди фаъолият пурра омодаанд. Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тибқи нақша дар 3 минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд бо харҷи зиёда аз 26342 тонна асфалт таъмири куллии зиёда аз 50 километр роҳ дар назар аст. Шарҳ додан бамаврид аст, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳияту хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Илова бар ин, садҳо километр роҳ таъмири ҷорӣ гардида, дар масофаи 320 километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешавад.
Рақаму далелҳои ба онҳо истинодшуда дар умум “қатрае аз баҳр” буда, барои дарки моҳияти мавҷудияти IRS, самараи фаъолияти он ва баҳогузории беғаразона мусоидат хоҳанд кард, Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки кормандони ғаюри IRS аз бисёр имтиҳону озмоишҳо бо сари баланд гузашта, вазифаи худро бошарафона иҷро карда истодаанд.
Мутаассифона, дар ин раванд 11 корманди ширкати мазкур ҷони худро аз даст доданд. Рӯз то рӯз болотар рафтани мақому манзалати филиали Ширкат ва тамоюли афзоишро касб намудани маҳбубияти он миёни мардум, пеш аз ҳама, натиҷаи ҳамин ҷонфидоиҳост. Дар маҷмуъ, бидуни тамаллуқу муболиға метавон гуфт, ки масъулиятшиносии кормандони IRS арзандаи арҷ гузоштан аст.
Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО