arzon november
Маҳсулоти арзон барои Рамазон
497
Маҳсулоти арзон барои Рамазон

Дар доираи лоиҳаи “Тамағаи писандидаи Тоҷикистон 2022” дар маҷмааи давлатии Кохи борбад намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ баргузор гашта, зиёда аз 30 ширкати дохилӣ молу маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштанд.

Аз субҳ мардуми зиёде назди ин маҷмаа ҷамъ омада, барои харидорӣ намудани маҳсулоти ниёзи хеш интизори расми кушодашавии намоишгоҳ буданд.

Мақсади намошгоҳ муаррифӣ намудани истеҳсолкунандагонӣ ватанӣ буда, нуҳ сол аст, ки ин чорабинӣ аз ҷониби ширкати Тайрон, Медиахолдинг Оила ва вазорати саноат ва техналогияи нави Ҷумҳури Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар баргузор мегардад.

Шаҳноза Ҳамдамова, директори ширкати “Тайрон” ва заминагузори асосии намоишгоҳи “Тамағаи писандидаи Тоҷикистон 2022” ҳозиринро хушомадед гуфта, чорабиниро ҳусни оғоз бахшид, сипас муовини вазири саноат ва техтонолияҳои нави Тоҷикистон Умед Солеҳзода ва муовини раиси палати савдои ҷумҳурӣ Манзура Рустамовасуханронӣ намуда, ба роҳ мондани чунин намоишгоҳро сари вактӣ ва заминаи хубе барои рушди саноат дар Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Аз чеҳраи харидорон бараъло эхсос мешуд, ки баргузории чунин намоишгоҳро хеле боз интизорӣ мекашиданд ва дар суҳбат бо мо низ ин нуқтаро тасдиқ намуданд.

Кадри бисёртар шавад хамитари ярмакаҳо

Ёдовар мешавем, ки намоиш-фуруши маҳсулоти ватанӣ ду рӯзи дигар-26 ва 27 март дар кохи Борбад идома меёбад. Шумо имкон доред, ки маҳсулоти дилхоҳи худро аз ин намоишгоҳ дастрас намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД