formula
МАТЛУБА РАҲИМОВАРО КӢ ХОНАВАЙРОН КАРДАН МЕХОҲАД?
7442

Матлуба Раҳимова, овозхони ҷавони ансамбли давлатии “Фалак”, яке аз сарояндаҳои маъруфи тоҷик, ки рӯзи 28 сентябри имсол издивоҷ карда буд, зимни суҳбат бо мухбири сомонаи “Оила” аз он шикоят кард, ки блогерону чанд ҳавасакии қади кӯча бо нашри наворҳои бетамизона ва матолиби пур аз туҳмат мехоҳанд ҳаёти шахсии ӯро мавриди масхара қарор диҳанд.

Ӯ аз ҷумла, аз масъули ютюб – канал ва саҳифаи инстаграми Моҳру.тҷ шиква кард, ки дар атрофи номаш овозаҳои бардуруӯғ мебофад. “Ӯ чанд рӯз пеш як видео монда буд, ки гӯё ман баъди 37 рӯзи оиладорӣ аз шавҳарам ҷудо шуда бошам, вале тӯйи ман рӯзи 28 сентябр барпо шуд. Пас, худатон фикр кунед, ки ин хабар оё ҳақиқат дорад? Яъне, ҳоло аз тӯйи ман 37 рӯз нагузаштааст”

Вақте аз Матлуба пурсидем, ки чаро ӯ доир ба нашри ин видео, ки пастзанандаи шарафи ӯст, ба мақомот муроҷиат накард, чунин посух дод: “Ман дар шарҳи видеояш навиштам, ки дар бораам дурӯғ набофаду зиндагии маро вайрон накунад. Хоиш кардам, ки видеоро тоза кунад, в – агарна аз болояш шикоят мекунам. Хайрият, ҳазфаш кард, лекин аллакай одамони зиёд онро дида, ба ин дурӯғаш бовар карданд”

Матлуба ба гуфти худаш ҳоло дар ҷустуҷӯи соҳиби ин ютюб - канал аст. Тибқи маълумоти бадастовардааш масъули ин канал 28 сол дошта, ҳоло дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия истиқомат мекунад.

Ба гуфти Матлуба издивоҷ бо шавҳараш интихоби худи ӯ буд ва нафаре аз оилаи онҳо ба ин хонадоршавӣ дахолат накарданд. “Интихоби ман буд. Волидон чизе нагуфтанд ва сади роҳ нашуданд. Шавҳарамро дер боз мешинохтам. Шавҳарам ҷавони оддӣ аст”, - гуфт Матлуба.

Тӯйи онҳо бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид баргузор гардид. Дар маросими хонадоршавии ин сарояндаи марғуб дигар ҳамкасбонаш ширкат варзиданд.

Сурайё Қосимова – примадонаи санъати тоҷик, ки чанд рӯз пештар аз Матлуба бо марди аз худаш чанд сол ҷавон оиладор шуда, бо ин амалаш дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд, бо чанд суруди шӯх ӯро табрик карда, барояш хушбахтӣ хост.

Матлуба Раҳимова, соли 1987 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Ӯ ҳамагӣ то синфи 5 дар Мактаб - интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор таҳсил кардааст ва мегӯяд хатту саводӣ кофӣ надорад. Новобаста аз ин ҳама, ҳунари суханварӣ ва шеърнависии Матлуба то ҳаддест, ки аксарият ба ӯ ҳасад мебаранд.

Ин овозхони ҷавон дар ҳама жанрҳои мусиқӣ қобилияти суруд хонданро дорад. Ӯ то имрӯз қудрати овози худро дар таронаҳои мардумиву Шашмақом ва поп санҷидааст. Аммо фалак барояш наздиктар аст.

Матлуба Раҳимова ҳоло дар ансамбли давлатии “Фалак” - и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекунад. Ӯ соли 2008 - ум дар ҷашни “Фалак” иштирок намуда, маҳз дар ҳамин ҷашнвора президент ба ҳунараш баҳои баланд дода, дар пойтахти кишвар барояш хонаи истиқоматӣ тақдим кард.

Ҳоло ӯ ва шавҳараш дар шаҳри Душанбе дар ҳамин хона зиндагӣ доранд. Матлуба аллакай ба кор баргашта, пайи эҷоди таронаҳои нав мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД