sebiston july new
Мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба аскарӣ оғоз шуд
271

 

Мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми май идома хоҳад кард.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар мавсими баҳории даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷавонписарони солҳои таваллудашон 1997-2006 даъват карда мешаванд.

Донишҷӯёне, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар мехонанд, то ба анҷом расидани таҳсилашон ба аскарӣ даъват карда намешаванд. Ҳамзамон, яккаписарон аз хизмати ҳарбӣ озод ҳастанд, вале онҳо бояд ҳуҷҷатҳои лозимаро ба комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳод намоянд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД