arzon replenishment
Мавсума Муинӣ раис шуд
27.01.2022
ОИЛА
3183

Мавсума Муинӣ аз мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе барканор ва бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид. Дар ин бора сомонаи Пресса. тч дар такя ба манбаҳои расмӣ хабар додааст.
Мавсума Муинӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии кишвар ба шумор рафта, тӯли чанд сол боз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанберо иҷро мекард. Зимни сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ин бонуи кордон зери таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор гирифта, пас аз чанд вақт муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд.
Ҳамин тавр Муинӣ зина ба зина боло рафта, баъд аз гирифтани курсии муовини раиси шаҳри Душанбе ва ворид шудан ба командаи Рустами Эмомалӣ нуфузу эътибори бештар пайдо кард. Муинӣ назорати бахши идеологии пойтахтро бар зимма дошт ва дар тамоми чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ иштирок намуда, суханронӣ мекард.
Мавсума Муинӣ 40-сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Мавсуф соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Муинӣ соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз кардааст. Солҳои 2004-2009 дар кафедраҳои «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 Мавсума Мӯинӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Аз 12 январи соли 2017 муовини раиси шаҳри Душанбе ва акнун раиси шаҳри Бӯстони Вилояти Суғд таъин шуд.
Мавсума Муинӣ соҳиби ду маълумоти олӣ буда, бар замми ҳуқуқшинос буданаш ҳамчунин Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро дар риштаи иқтисод хатм кардааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД