shoh palace
Мавзуна барои духтарони тоҷик либоси миллии арӯсӣ медӯзад
1230


Мавзуна Халилова аз хурдӣ орзуи табиб ё прокурор шуданро дошт, волидонаш низ мехостанд, ки духтарашон аз ду касб якеро интихоб намояд, вале тақдир ӯро ба роҳи дигар бурд.

Соли 2010 Мавзуна бо квотаи президентӣ ба факултаи ҳамонвақтаи санъати тасвирӣ, рассоми графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуд. Ҳарчанд ин ихтисос барояш "бегона" буд, Мавзуна барои муваффақ шудан дар ин самт талош меварзид.

"Мехостам табиб ё прокурор шавам, вале бо сабабҳои оилавӣ натавонистам дар ихтисосҳои дӯстдоштаам таҳсил намоям. Шартномаи ҳар ду ихтисос барои мо гаронӣ мекард.

Вақте квотаи президентиро ба даст овардам, ҳарчанд ба ин касб аслан шавқу ҳавас надошта бошам ҳам, бо тамоми ҷидду ҷаҳд барои муваффақ шудан кӯшиш намудам. Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста меҳри ҳунари тарроҳӣ дар замири ман ҷой гирифт. Фикр мекунам, ки ин қалами тақдир асту инъоми Худованд" - мегӯяд қаҳрамони мо.

"Мавзуна аслан дизайнер интерер аст. Аз рӯйи ихтисосаш ӯ бо дизайни хона сару кор дорад, вале баъди ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба кор омаданаш аз Аъзамҷон Додоҷонов, ки ҳунарманди хеле маъруф мебшад, тарзи таҳияи мадели занона, рассомӣ, кундалкашӣ ва дигар ҳунарҳоро низ омӯхт".

"Замони донишҷӯӣ дар конфренсияҳои донишгоҳ инштирок карда, маҳсули дасти худро ба намоиш мегузоштам. Дар ҳимояи кори хатм тавассути лентаҳо кашидӯзӣ намудам. Ин чиз дар донишгоҳ падидаи нав буд. Баъди он ки ба коллеҷ омадам аз устодам Аъзамҷон Додоҷонов тарзи таҳияи мадели занонаро омӯхтам. Ҳамин тавр ман дар ин самт муваффақ гаштам,-мегӯяд Халилова.

Қаҳрамони мо дар баробари бо ҳунари тарроҳӣ машғул будан бо офаридани апликатсияҳои гуногун, кундалрезӣ ва рассомӣ машғул аст. Апликатсияҳои офаридаи Мавзуна Халилова пурра ба либосҳои миллии тоҷикона бахшида шудаанд. Аксарият вақте апликатсияҳои Мавзуна Халиловаро мебинанд, фикр мекунанд, ки қаҳрамонҳои асар воқеӣ бошанд.

Мавзуна мехоҳад либосҳои қадимаи тоҷикиро аз нав вориди мӯд созад. Ӯ дар ҳар либоси офаридааш аз нақшу нигорҳои миллӣ истифода мебарад.
"Дар замони бархӯрди тамаддунҳо ҳифз кардани фарҳанги хеш басо душвор аст. Имрӯзҳо тарроҳони ҷаҳонӣ бо таҳияи либосҳои гуногун ба фарҳанги либоспӯшии мо таъсир мерасонанд.

Мо тарроҳони тоҷик низ бо афзудани теъдоди либосҳои миллии тоҷикона бояд бозори дохилии худро пур созем. Ба ҳаимн хотир дар ҳар либоси офаридаам аз нақшу нигорҳои миллӣ истифода мебарамям"-мегӯяд ҳунарманд.

Қаҳрамони мо дар даври вилоятии озмуни "Ҳунарманд- 2022" мақоми аввалро соҳиб гашт. Ҳамзамон дар озмуни "Ҷилои ҳунар - 2022", ки ҳамасола дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии баргузор мегардад, бо либосҳои миллӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Назар ба гуфти Мавзуна Халилова тарроҳ бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва аз пайи васеъ кардани донишу малакаи худ бошад.

"Ба шогирдонам тавсия медиҳам, ки ҳамеша пайи ҷустуҷӯйи идеяи нав бошанд. Худам низ кӯшиш мекунам дар либосҳои медӯхтаам чизҳои нав ба навро ворид созам"- таъкид кард қаҳрамонамон зимни суҳбат.
Барои арӯсшавандаҳо рӯзи тӯй пӯшидани фата ба расмият даромадааст. Аксарият ин либоси арӯсиро бо нархи гарон ба орият мегиранд.

Мавзуна Халилова мехоҳад толори арӯсӣ кушода дар он либосҳои миллии арӯсиро гузорад, то духтарони тоҷик бо либоси миллии худ вориди хонаи бахташон шаванд.
"Мо бояд дар замони ҷаҳонишавӣ фарҳанги худро ҳифз карда тавонем. Тақлидкорӣ ва бегонапарастӣ унсурҳои номатлуби замони имрӯзанд.

Аз ин лиҳоз ман мехоҳам дар оянда толори арӯсие боз кунам, ки дар он фақат либосҳои миллии арӯсӣ ҷой дошта бошанд. Аллакай донишҷӯёни мо ин чизро хуб дарк кардаанд. Онҳо дар рӯзи тӯяшон бо дастони худ либоси арӯсӣ дӯхта ба бар мекунанд" -мегӯяд ҳунарманд.

Мавзуна Халилова дар баробари дар коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дарс додан ҳамзамон курсҳои кӯтоҳмуддат кушода ба он бонувони хонашинро ҷалб намудааст. Дар коллеҷ маҳфили хусусӣ низ дорад, ки дар он донишҷӯёни ихтисосҳои дигари коллеҷ ҳунари тарроҳӣ меомӯзанд. Қаҳрамони мо то ин дам дар намоиш ва озмуну фестивалҳои зиёде иштирок карда, соҳиби диплом, сипоснома ва ифтихорномаҳои бисёр гаштааст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД