formula
Мавзуна Чориева: Шавҳарам маро бе “косметика” дӯст медорад
1411


Мавзуна Чориева аз зумраи бонувони ғайримуқаррарӣ ба шумор меравад. Дар баробари масъулияти роҳбарӣ доштану тарбияи насли наврас дар риштаи варзиш, ҳамчунин ҳамсари меҳрубону ғамхор, модари мушфиқи ду фарзанди дӯстрӯ ва кадбонуи чирадаст аст.

Ин бонуи тоҷик Чемпиони дукаратаи Осиё, ҷоизадори чемпионати Ҷаҳон ва ҷоизадори ҷои сеюми бозиҳои олимпии тобистона дар соли 2012 мебошад. Чаро Мавзуна Чориева як ҳафта ба толори варзиш нарафт, чаро ӯ аз ороишоти косметикӣ истифода намебарад? Ба ин ва дигар саволҳо Мавзунабону дар барномаи “Бонуи пурҳунар”-и Баҳриддин Сабур посух гуфт.

-Ҳунаре, ки шумо доред, шояд то 95 фисади занҳои дунё надошта бошанд. Мухлисон мехоҳанд, шуморо дар фазои деҳа бо либоси тоҷикии чакан ва андармони кори хонаву ҳавлии деҳа бубинанд. Омода ҳастед, ки чунин фазоро барои тамошобини худ фароҳам оред?

-Албатта, омодаам. Маро мардум ҳамчун зан, варзишгар мешиносанду ҳурмат мекунанд. Азбаски зан ҳастам, кӯшиш мекунам, ки боварии эшонро қонеъ гардонам.

-Метавонед хоҳиши мухлисонро амалӣ созед?

-Аз ҳама кори мушкил ворид шудан ба майдони ҳарб ва дар миёни 10 ҳазор одам баромад кардану эҳсосоти худро нигоҳ доштан аст. Кори хона, рӯбучин, нигоҳ кардани фарзандону шавҳар мушкил нест.

-Чӣ рӯзгоре доред?

-Имрӯз ман зане ҳастам, ки фарзандони солим, оилаи солим дорам, беҳтарин инсонҳоро мешиносам. Вақте оила солим аст, аз ин дида беҳтарин неъмат нест. Дуюм вазифаи ман, ки мураббӣ ҳастам, тарбияи шогирдон дар риштаи варзиш аст. Шогирдонам хеле зиёд ҳастанд, онҳо тавонистанд дар Осиё ва ҷаҳон соҳиби ҷоизаҳо шаванд. Вақт нишон дод, ки занҳои тоҷик дар варзишҳои мардонагӣ лаёқатӣ зиёд доштаанд.

-Шогирдонатон бештар духтаронанд ё писарон?

-Аз ҳарду ҷинс ҳам шогирдони зиёд дорам, аммо бештар нерӯямро дар духтарон сарф мекунам ва такя ба он дорам, ки дар духтарон бештар дастовард ёбем. Зеро рақобати мардон дар бокси ҷаҳонӣ зиёд асту дар духтарон бошад, камтар.

-Ҳангоми тамринҳои худ аз пул мушкилӣ мекашидед?

-Албатта, мушкилӣ доштам дар ин самт. Хотирам ҳаст, ки як рӯз як мураббӣ гуфт, ки ба ман як сомонӣ биёр, аммо ба хотири он ки пул надоштам, муддати як ҳафта ба толори машқ рафта натавонистам. Ҳамон вақт назди худ қавл кардам, ки агар рӯзе дорову устоди варзиш шавам, ҳамаро дарс медиҳам, ҳам бою ҳам камбағалро як хел меомӯзонам.

-Кай ҳамсаратон шуморо ба издивоҷ даъват кард?

-Соли 2010 буд. Мо дар як синф таҳсил мекардем, дар толорҳои варзишии бузург бо ҳам тамрин мекардем, аммо боре чизе намегуфт, зеро кӯшиши маро медид ва монеа намешуд. Соли 2010 ошкоро гуфт, ки “акнун ту ҳамсари ояндаи ман мешавӣ”.

-Пешниҳодашро чӣ гуна қабул кардед?

-Вақте синну соли одам ба як давра мерасад, ин пешниҳодро қабул мекунад. Ман омода будам, ки аз як оила ба оилаи дигар равам, орзу доштам, ки соҳиби фарзанд шавам. Оила бароям муқаддас аст. Бовар кунед, ҳар лаҳзае, ки бо шавҳару фарзандонам мегузаронам, ба он медале, ки дорам, баробар намешавад.

-Муҳоҷироне, ки дар Русия қарор доранд, маҳорати Мавзуна Чориеваро дар майда кардани ҳезум дидан мехоҳанд. Шумо чӣ мегӯед?

-Ин кор барои мо варзишгарон мушкил нест. Чунки мо барои сахт шудани мушакҳои даст кундакафониро тамрин мекардем. (Мавзуна дарахти хушкро, ки зиёда аз 2 метр дарозӣ дошт, дар як муддати кутоҳ ба воситаи табар майда кард)

-Шумо ороишоти косметикиро истифода мебаред ё не?

-Бо як “кружка” об шустани рӯй барои ман ороишот аст. Кӯшиш мекунам, ки аз косметика истифода набарам, чунки Худованд ҳусни худашро додааст, чаро онро тағйир диҳам? Шавҳарам маро ҳамин тавре, ки ҳастам, қабул кардааст, барои кӣ дигар худамро хушрӯ кунам?

-Ба ҷашнҳои арӯсӣ даъват кунанд, Мавзуна худашро оро медиҳад?

-Вақте инсонро ба тӯй даъват мекунӣ, бояд дили ӯро дӯст дориву эҳтиром намоӣ. Сурати вай ба кӣ даркор аст? Ман аз рӯзи аввале, ки маро мардуми Тоҷикистон мешиносад, ҳамон хел мемонам.
-Бароятон барори кор ва зиндагии осоиштаро орзумандем.

Омодасоз Беназир

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД