formula
Маймун шаш сол фоҳишагӣ кард
8188

Маймун Пони-ро шаш сол ба ҳайси фоҳиша истифода бурдаанд.
Дар ҷазираи Борнео одамон, маймун бо номи Пониро шаш сол дар фоҳишахона истифода мекардаанд. Пониро ба мисли духтарон ороиш дода дар танаш ҷавоҳирот овезон мекардаанд ва ба сокинони деҳа барои хизматҳои шаҳвонӣ мефурӯхтаанд.

маймун 3
Ҳангоме,ки кормандони “Наҷоти Ҳайвоноти Борнео” Пониро дар фоҳишахона пайдо карданд ӯ дар як кати ифлос бо занҷир баста шуда буд.
Ин хело даҳшатнок буд. Чеҳраи Пониро бо ороишоти арзон ранг карда буданд. Аҳволи зори ин маймуни бечора кормандони масъулро гирён кард.
Вақте, ки одамон ба ин маймун наздик мешаванд, ӯ мавқеи яктарафа гирифта худро барои алоқаи ҷинсӣ омода мекунад.
Аз зӯроварии зиёди шаҳвонӣ дар бадани Пони, захми табобатнашаванда пайдо шудааст ва ба ғайр аз ин ӯро хомӯшакҳо ҳамеша мегазанду баданашро хуншор мекарданд. Маймун дар ҳолати даҳшатноки ҳам ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ қарор дошт.Барои наҷот додани маймуни бечора аз ғуломии ҷинсӣ қариб як сол лозим шуд.Амалиёти наҷотдиҳии Пони соли 2003 оғоз ёфта буд. Зане ки маймун Пониро дар хонааш нигоҳ медошт, намехост ӯро раҳо кунад. Барои ин хонум, Пони сарчашмаи хуби даромад ва барои мардони деҳа бошад, фоҳишаи хеле дастрас ба ҳисоб мерафт.

маймун 4

Кӯшишҳои сершумори наҷотдиҳандагон барои раҳо кардани Пони аз ғуломӣ натиҷа надоданд. Онҳо маҷбур шуданд,ки ба пулис муроҷиат кунанд.
Танҳо бо кумаки 35 афсари мусаллаҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ниҳоят Пониро наҷот доданд.
Вақте ки Пониро аз фоҳишахона раҳо карданд ба мардҳо иҷозат намедоданд, ки ба назди ӯ дароянд.
Пони оҳиста - оҳиста барқарор мешуд ва дар ниҳоят,ба мардҳои мутахассис иҷозаи кор бо ӯро доданд.
Маймун дар авал аз мардҳо метарсид вале баъдан одат кард.
Мутаассифона аз сабаби он, ки Пони комилан табобат наёфта буд ҳамеша зери назорати мутахассисон қарор дошт.
Ҳоло, пас аз 16 соли наҷот ёфтанаш, Пони дар маркази барқароркунии Няру-Ментенг бо дигар маймунҳо зиндагӣ мекунад.
Пас аз нигоҳубини дурӯдароз Пониро ба назди маймунҳои дигари модина бурданд.
Одамон дар як сол тақрибан ҳазор маймуни орангутанро барои фурӯш дар бозори сиёҳ мекушанд. Савдои ғайриқонунии маймунҳо рӯз то рӯз зиёд мешавад. Коршиносон мегӯянд, ки орангутанҳо дар бозори сиёҳ хеле маъмуланд.
Дар хурдӣ орангутанҳо хеле зебою ҷаззоб ҳастанд вале баъди ба воя расидан онҳо гапногиру идоранашаванда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Првз 2019-10-23, 20:05
Дар воситаҳои ахбори умум намоиш додану навиштани чунин хабарҳо сабаби ба ин аҳмақиҳо даст задани баъзе аз калтафаҳмҳо мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Првз 2019-10-23, 20:05
Дар воситаҳои ахбори умум намоиш додану навиштани чунин хабарҳо сабаби ба ин аҳмақиҳо даст задани баъзе аз калтафаҳмҳо мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД