Arzon march 2024
Мазаи “Кашки наврӯзӣ”-и Сурайё Қосимоваро чашидан мехоҳед?
21.03.2022
Оила
2499

-Апаи Сурайё, оилаи шумо яке аз машҳуртарин хонаводаҳои Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро фарзандонатон Шабнаму Фарзонаро имрӯз дар саросари олам мешиносанд. Мухлисонатон донистан мехоҳанд, ки ин ситораҳои дурахшон иди наврӯзро чӣ гуна пешвоз мегиранд ва чиҳо мепазанд.

-Имрӯзҳо ману духтарам Рӯзигул дар такопӯи онем, ки то ба хона баргаштани Шабнаму Фарзона хӯроки дӯстдоштани онҳо гандумкӯчаи наврӯзиро, ки дар Кӯлоб бо номи кашк машҳур аст, тайёр кунем.
-Кашки наврӯзиро чӣ гуна мепазанд?
-Пухтани кашк ягон мушкилӣ надорад. Як килограмм гӯшти гӯсфанд, ним кило думбаи гӯсфанд, ду кило гандуми сафедкарда, як кило сабзӣ, ним килогӣ лӯбиёи сурх ва сафед ва каме намак-барои пухтани кашк ҳамин қадар маҳсулот кифоя аст. Дунбаи гӯсфандро бо гӯшташ якҷоя дар шаш литр об дар оташи паст ду соат меҷӯшонанд, баъд ба дег гандуми сафедкардашуда, лӯбиё, картошка ва сабзӣ андохта, каме намак мепошанд ва дар оташи паст гандумкӯчаро то вақти ҳалоим шуданаш мепазанд. Пас аз он ки кашк пухт, оташро хомӯш кардан лозим аст, то хунук шавад. Кашкро гармогарм ҳам хӯрдан мумкин аст, вале каме хунуктар шавад, бисёр бомаза мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД