formula55
«МегаФон Life»: зангҳо ва паёмакҳои ройгон барои муҳоҷирон
10.06.2024
PROMO
563

Берун аз ҳудуди Тоҷикистон қарор доред? Замимаи мобилии MeгаФон Life барои занг задан ба хона бо арзиши тадриҷан пасттар аз нархномаҳои маъмулии роумингӣ имконият медиҳад. Ва агар зангро дар Тоҷикистон муштарие қабул кунад, ки аз ин замима истифода мебарад, пас гуфтугӯ ройгон хоҳад буд.

Барои зангҳои ройгон ба муштарии ширкат танҳо лозим аст, ки дар телефони худ “MeгаФон Life”-ро боргирӣ ва фаъол намояд. Суҳбат бо дигар истифодабарандаи замима, новобаста аз давомнокӣ, ройгон мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳамеша бо наздиконатон дар алоқа бимонед ва худро дар муошират маҳдуд насозед. Шумо метавонед аз саҳифаи асосӣ ба воситаи қисми "Боз ҳам" ба сатри "Зангҳо ба Life" гузаред. Барои фаъолкунии функсия бояд аломати даврача пахш карда шавад. Он имкон медиҳад, ки зангҳои воридотӣ дар хориҷа дар рақами тоҷикистонии худ қабул карда шаванд, ба шарте ки дастгоҳи мобилӣ дар интернет, аз ҷумла тавассути Wi-Fi, қарор дошта бошад. Паёмакҳои матние, ки истифодабарандагони замима дар қисми "Паёмрасон" ба якдигар мефиристанд, низ ройгон хоҳанд буд.

Зангҳо аз замимаи «МегаФон Life» ба шабакаҳои муқаррарии мобилӣ низ хеле муфид, бо нархи 20 дирам барои як дақиқа, анҷом меёбанд. Тугмаи "Зангҳо" дар қисми поёни саҳифаи асосӣ ҷойгир аст, тавассути он метавонед тамосро интихоб карда, тугмаи "Даъват"-ро фаъол созед. Муҳим он аст, ки замимаи “MeгаФон Life” дар рақами муштарии анҷомдиҳандаи занг пайваст гардида бошад. Дар ин сурат, ӯ аз кишвари дигар, масалан аз Россия, бо ҳамон нархҳое, ки дар Тоҷикистон амал мекунанд, занг мезанад.

Тарофаи оптималӣ барои онҳое, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, «Биё! Life" маҳсуб ёфта, он зангҳои муфидро ба шабакаҳои мобилии Тоҷикистон дар бар мегирад. Ба бастаи хизматрасониҳо зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон”, 100 дақиқа барои зангҳо ба дигар операторони кишвар ва 100 СМС дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Агар ҳаҷми дақиқаҳо ба шабакаҳои дигар пурра истифода шавад, аз дақиқаи 101-ум зангҳо дар як дақиқа 20 дирамро ташкил медиҳанд. Нархи тарофа дар як моҳ ҳамагӣ 29,54 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба арзиши муошират дар роуминг бо нархҳои асосӣ чандин маротиба арзонтар аст. «Биё! Life»-ро метавонед мустақилона тариқи замимаи «МегаФон Life» дар қисми «Тарофаҳо» пайваст кунед. Ба он аз саҳифаи асосии замима бо пахши сатри "Тарофаи ман" - "Дастрас" гузаштан мумкин аст.

Замимаи «МегаФон Life»-ро боргирӣ карда, бо хушнудӣ муошират намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД