Аз 25 то 28-уми майи соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.
Тибқи анъана дар рӯзи охири чорабинӣ барои иштирокчиён ва меҳмонони конфронс сайругашт дар шаҳри Душанбе, дараҳои Ромиту Сиёма, Пойгоҳи варзишии лижаронии «Сафеддара» ва Қалъаи Ҳисор ташкил карда шуда, ҳамзамон онҳо бо фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Роғун» шинос мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2018 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022 ва 2024) дар шаҳри Душанбе баргузор гаштанд. Ин силсилаконфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтаанд, ба майдони устувор барои баррасии масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд.