Овозхони маҳбуби тоҷик Меҳрнигори Рустам дар шаҳри Лондон дар як чорабинии бошукӯҳ иштирок карда, ғазалиёти Рӯдакиву Ҳофизро бо оркестри симфонӣ сароидааст.
Ӯ худ дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст: “Ман ифтихор дорам, ки дар соли таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ консерти хотиравӣ дар Westminster Hall-и Лондон баргузор гашт ва иштирок доштам”.
Меҳринигори Рустам дар ин консерти бошукӯҳ бо либоси зебои тоҷикӣ иштирок карда, тавре аз наворҳо дида мешавад, ғазалҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизро месарояд.
Ёдовар мешавем, ки ба муносибати 700-солагии шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ санаи 20-уми июни соли 2025 дар яке аз толорҳои бузурги пойтахти Британияи Кабир, шаҳри Лондон - Central Hall Westminster чорабинии бошукӯҳи фарҳангию мусиқии «Орифонаҳо» баргузор гардид.