goodwell
Месси боз ба мунтахаби Аргентина даъват шуд
16.09.2026
Oila.tj
47

Лионел Месси, ситораи дастаи «Интер Майами» дубора ба ҳайати мунтахаби Аргентина даъват шуд. Ин даъват дар ҳоле сурат мегирад, ки эҳтимол дорад яке аз бозиҳои моҳи октябр барои қаҳрамони ҷаҳон бозии видоъӣ бо тими миллӣ бошад.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Аргентина, мунтахаб рӯзи 30-юми сентябр бо Боливия, 3-юми октябр бо Буркина-Фасо ва 6-уми октябр бо Бенин бозӣ мекунад. Дидор бо Бенин дар варзишгоҳи машҳури «Монументал» дар Буэнос-Айрес баргузор мешавад. Қарор аст дар ин бозӣ ба ифтихори Месси маросими махсус баргузор шуда, қаҳрамонҳои Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 низ ба он даъват шаванд.

Месси дар ҳайати мунтахаби Аргентина 207 бозӣ анҷом дода, 125 гол зада ва 68 ассист анҷом додааст. Ӯ бо Аргентина қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2022, инчунин барандаи Ҷоми Амрико ва Финалиссима шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД