Commerce bank may-june 2026
МИҲД-и ноҳияи Шаҳринав ваъда дод, ки ба Марям Турсунова замин медиҳад
224

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Турсунова бо нақшҳои ҷаззоби офаридааш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Ин бонуи хушсалиқа зиёда аз 50 сол боз барои рушду нумӯи санъати тоҷик хизмат карда, дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ нақшҳои муассири тарбиявӣ меофарад.

Синну соли ҳунарманд аз 75 гузашта бошад ҳам, манзили шахсии худро надорад ва зиёда аз 25 сол боз ранҷу азоби бехонагӣ мекашад. Азбаски Марям Турсунова зодаи ноҳияи Шаҳринав мебошад, зимни нишасти матбуотии раиси ноҳия мо аз масъулин пурсон шудем, ки оё МИҲД-и ноҳия метавонад дар ҳалли ин масъала дасти ёрӣ дароз намояд.

Дар посух ба ин савол Ҳусейн Норзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳринав гуфт, ки Марям Турсунова бо МИҲД-и ноҳия ҳамкории наздик дошта, дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамояд. Ин ҳунарманди машҳур дар ҳақиқат дар масъалаи мушкилоти манзил доштанаш ба онҳо муроҷиат намуда, номаш дар рӯйхати ниёзмандони дараҷаи аввал сабт шудааст. Бо пайдо шудани имконият пеш аз ҳама ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Турсунова барои сохтмони манзили истиқоматӣ қитъаи заимн ҷудо карда мешавад.

Умедворем, ки масъулини МИҲД-и ноҳияи Шаҳринав ба қавли худ вафо карда, орзуи ин зани ҳунармандро, ки барои рушди санъати тоҷик заҳматҳои зиёде кашидааст, амалӣ месозанд ва Марям Турсуноваро соҳиби манзил мегардонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД