arzon replenishment
МИНО: АЗ БОЗОРРӮБИИ МОДАР ТО ҲУНАРНАМОӢ ДАР САҲНАҲОИ БУЗУРГ
5546

Мино Баҳруллоева, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик дар барномаи “Ногуфтаҳо” - и шоир ва журналист Орзу Исо аз ҳаёту эҷодиёташ нақл кард.

Овозхон дар суҳбат бо Орзу Исо гуфт, ки падараш дар вақти чорсола будани ӯ вафот кард ва модараш фарзандонро танҳо ба воя расонд. Ӯи калон дорад, ки дар Москав бо духтари рус хонадор шуда, дар ҳамон ҷо иқомат мекунад. Модараш, ки замони мурдани падараш 30 сол дошт, баъди ин дигар шавҳар накард.

Бозорӯбии модар барои таъмини фарзандон

Мино гуфт, ки модараш дар Коллеҷи санъат омӯзгори фанни забони русӣ буду барои таъмини хонаводааш дар собиқ бозори ноҳияи Шоҳмансур низ рӯбандагӣ мекард. Ба гуфтаи овозхон, то тақрибан 8 - солагӣ барояш либос намехариданд, чунки шароит набуд ва ӯ либосҳои хурдшудаи бародари калониашро мепӯшид.

Ӯ аз хӯрдӣ дар ансамбли Падида рақс мекард ва аз синни 7 - солагӣ аллакай маош мегирифт. Маошаш он замон 15 сомонӣ буду 10 сомониашро ба модараш медод. Як соли баъд аз машғул шудан ба овозхонӣ ӯ тарки раққосагӣ кард. Соли 2014 дар 16 - солагӣ суруди “Ай ёр” - ро хонд ва суруди дуюмаш “Бачаи дарвозӣ” буд, ки маъруф шуд.

Аз белибосӣ то хонахарӣ дар Москав

Мино мегӯяд, ки дар хурдӣ, ором, хомӯш ва зиёд тарсончак буд. “Ҳар дугонаам метавонист ӯро занад”. Бинобар ин, аз хурдӣ асосан бо писарон дӯстӣ мекард. Ӯ таъкид намуд, ки то ҳол бо ягон духтар ҷанг накардааст, ҳатто ҷанги лафзӣ ҳам.

Овозхон гуфт, ки айни ҳол зиндагиашон хуб аст ва модараш продюсериаш мекунад. Ӯ тасдиқ кард, ки се моҳ пеш дар Маскав хона гирифтанд, чун бародараш майли бозгашт ба Тоҷикистонро надорад.

Шарҳи ҳоли сароянда

Мино Баҳруллоева соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш ҳангоми чорсола будани ӯ вафот намудааст, ки бори зиндагӣ бар дӯши модараш афтодааст. Мино дар оила фарзанди ягона набуда, бародари бузургтар аз худаш дорад, ки дар шаҳри Москави Русия оиладор буда, умр ба сар мебарад.

Даврони кӯдакии овозхон хело душвор гузаштааст. Модар онҳоро бо омӯзгориву кӯчарӯбӣ бузург кардааст. Модараш ӯро ба мактаби рақс дод. Ӯ ба рақс хеле ҳам шавқи зиёд дорад. Аллакай дар синни 7 солагӣ Мино дар ансамбли «Падида» рақс мекард. Ӯ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторовро хатм кардааст. Бо хоҳиши модараш рақсро ба овозхонӣ иваз намуд.

Фаъолияти ҳунарии Мино бо рақс оғоз шуда, дар ансамбли рақсии «Падида» фаъолият намудааст, ки баъдтар тарки саҳнаи рақс намуда ба овозхонӣ шурӯъ намудааст. Суруди аввалинаш бо номи «Фарёд» сабт шуд, ки овози ӯро ба овозхони колумбӣ «Шакира» шабоҳат дода, ӯро ҳамчун «Шакираи тоҷик» ном мебаранд. Баътар суруди дустдоштатарини ҳаводоронаш бо номи «Ай ёр» сабт шуда 4 июни соли 2014 дар YouTube гузошта шуд, ки ба зудӣ тамошобинони зиёдеро ба худ ҷалб кард.

Баъдан сурудҳои Бачаи дарвозӣ ва Кабки Данғара сабт гардиданд, ки маъруфият Миноро аз марзи Тоҷикистон берун баромад, ки ӯро соли 2017 ба давлати Афғонистон даъват намуданд, он ҷо ӯ дар барномаи «Қоби гуфтугӯ» - и шабакаи Tolo TV меҳмони барнома шуд ва дар барномаи «Helal Eid» барномаи консертӣ барпо намуд.

Мино сурудҳои тоҷикиро бо услуби аврупоӣ месарояд ва рақсҳои ғарбиро дар клипҳояш моҳирона иҷро мекунад. Бинобар шух сурудхондан ва рақсиданаш бештари ҳаводоронаш ҷавонҳоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД