formula
Митхун Чакрабортӣ қасди худкушӣ кард!
14.08.2022
ОИЛА
1928


Ситораи дурахшони синамои Ҳиндустон Митхун Чакраборти 72-сола шуда бошад ҳам, то ҳол мухлисону ҳаводорони зиёде дорад. Хонумҳо ва ҳатто духтарони ҷавон то ба имрӯз тез-тез пеши роҳи ин марди шӯҳратёрро гирифта, ба Митхун изҳори муҳаббат мекунанд, вале...

Дар сӯҳбат бо хабарнигорони Таймс ситораи дурахшонтарини “Болливуд” Митхун Чакраборти, ки дар зиёда аз 300 филм нақшҳои асосиро бозида, на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар сар то сари олам машҳур гаштааст, иқрор шудааст, ки аз аламу дард чанд маротиба даст ба худкушӣ заданӣ шуд, вале дар лаҳзаҳои охирин аз фикраш гашт.

“Бисёриҳо шояд ба зиндагии ман ҳасад мебаранд ва гумон мекунанд, ки корди Митхун Чакраборти ҳамеша дар болои равған аст, вале дар асл ин тавр нест. Лаҳзаҳои душвор дар ҳаёти ман хеле зиёд буданд. Дар зиндагӣ бо номардию ноодамӣ зиёд рӯ ба рӯ гашта, ранҷу азобҳои бисёре кашидаам. Бовар кунед, ҳолатҳое буданд, ки аз тарси ҷон ҳатто наметавонистам ба Калкутта ба назди аҳли хонавдаам рафта, аз ҳолу аҳволашон хабар гирам, зеро хуб медонистам, ки агар равам, маро бегуфтугӯ мекушанд.

Чанд бор аз номардиҳои зиндагӣ ҷонам ба лабам расида, даст ба худкушӣ заданӣ шудам, аммо ҳар бор вақте бандро ба гарданам андохта, худамро ба дор овехтанӣ мешудам, як садое аз вуҷудам баланд мешуд, ки худро бо дасти хеш несту нобуд кардан, нишонаи ҷасорату ҷавонмардӣ нест, ту бояд қавӣ бошӣ ва мубориза барӣ. Ҳамин тавр ба садои ақлам гӯш дода, ман дар набарди зиндагӣ ғолиб омадам,”-гуфтааст ситора.
Митхун Чакраборти ба одамоне, ки зиндагии душвор доранд, маслиҳат додааст, ки ҳаргиз рӯҳафтода нашаванд, зеро зиндагӣ худ майдони набард аст ва шахсе, ки барои ҳаёт мубориза мебарад, ҳатман дар охир ғолиб омада, ба рӯзгори пурсаодат мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД