Як зани чинӣ бо дарозтарин мижгонҳои ҷаҳон аллакай даҳ сол боз рекорди худро нигоҳ доштааст.
Ю Тзянся соли 2016 ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шуда буд ва то имрӯз касе натавонистааст натиҷаи ӯро такрор кунад. Дарозии мижгонҳои ӯ ба 20 сантиметр мерасад. Табибон мегӯянд, ки саломатии зан комилан хуб буда, ягон мушкили ирсӣ ё генетикӣ надорад. Худи Ю Тзянся низ сабаби чунин хусусияти нодирро намедонад, зеро ҳеҷ яке аз хешовандонаш мижгонҳои дароз надоранд.
Зан бар ин бовар аст, ки ин неъмат ба ӯ баъди як давраи тӯлонии танҳоӣ дар кӯҳҳо насиб шудааст. Ӯ беш аз 480 рӯзро дар танҳоӣ сипарӣ карда, чунин мешуморад, ки ин туҳфаи рӯҳонӣ аз ҷониби Буддо мебошад.