formula
ММТ ба довталабон паёмаки аввалинро фиристод
508

Имрӯз натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон карда шуданд. Дар ин бора довталабон бо нашри аксҳо дар интернет иттилоъ дода истодаанд.

Ба иттилои Маркази миллии тестӣ, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир  шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» сабт гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисми дахлдор – А ё Б, қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2, инчунин роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта шудаанд.

Агар дар бахши «Натиҷаи имтиҳонҳо»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 25 июл доир мегардад, РОҲ ЁФТЕД!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 25 июл баргузор мегардад, маълум мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошта дода шудааст. Маълумоти муфассалро метавон аз  сомонаи Маркази миллии тестӣ дастрас намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мохичехра 2023-07-25, 08:42
Ба ммт ройгон даромадан чанд бал лозим аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мохичехра 2023-07-25, 08:42
Ба ммт ройгон даромадан чанд бал лозим аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД