Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба 3 кинофестивали Русия роҳхат гирифтааст.
Тавре масъулини "Довфилм" гуфтаанд, филми “Моҳӣ дар шаст” аз 21 то 24-уми майи соли равон дар кинофестивали байналмилалии Забайкале, ки дар шаҳри Чита баргузор мегардад, намоиш дода мешавад. Аз 4 то 7-уми июл дар шаҳри Ярославл синамоҷашнвораи байналмилалии кӯдаконаи "Даруни оила" баргузор хоҳад гашт ва филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба ин чорабинӣ низ роҳхат гирифтааст. Дар шаҳри Псков аз 23 то 26-уми июл баргузории кинофестивали байналмилалии "Дарвозаи ғарбӣ" ба нақша гирифта шудааст ва филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” дар ин синамоҷашнвора бо беҳтарин филмҳои ҷаҳон рақобат менамояд.
Ёдрас мешавем, ки "Моҳӣ дар шаст” филми муштараки Тоҷикистон ва Эрон буда, то имрӯз 5 ҷоизаи байналмилалии синаморо ба даст овардааст.