Филми ҳунарии "Моҳӣ дар шаст" дар XXI Ҷашнвораи байналмилалии "Дар доираи оила" (В кругу семьи)-и шаҳри Ярославл ба ду ҷоиза ва як диплом мушарраф гардид.
Дар ин бора коргардони филм Муҳиддини Музафар хабар дода, афзуд, ки ин дастовардҳо “Беҳтарин нақши мардона” ба Абдуллои хурдсол, “Беҳтарин саунд дизайн” ва Диплом барои беҳтарин саундтрек мебошанд.
Гуфта мешавад, ки филми "Моҳӣ дар шаст" дар бахши асосии озмунии филмҳои пурраметраж ширкат намуда, бо 11 филм аз кишварҳои Пуерто-Рико, Филиппин, Фаронса, Олмон, Русия, Ҳиндустон, Беларус, Эрон ва Қазоқистон рақобат кардааст.