formula
Моҷарои оилавӣ бо фоҷиа поён ёфт
1263


Як марди маъюб дар Исфара занашро бераҳмона бо оҳан зада куштааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад...

Ин ҳодисаи ваҳшатнок рӯзи 28-уми январ, тахминан соатҳои 11:30 дақиқа сар зада, як марди 50-солаи сокини шаҳри Исфара, ки маъюби гурӯҳи дуюм мебошад, дар манзили истиқоматиаш зани 48-солаашро ба қатл расонидааст. Тавре манбаъ мегӯяд, ин куштори ваҳшиёна дар заминаи рашк сар задааст.

"Мард тариқи телефон дар дохили ҳуҷрааш бо касе сӯҳбат кардани ҳамсарашро шунида аз сари рашк бо оҳани дарозиаш 60 см ба сари занаш 4 маротиба задааст. Зан бар асари ин зарбаҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст".

Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД