Дар меҳмонии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини шаҳри Гулистони вилояти Суғд Расулова Ҳамроҷон қарор доранд.
Чун суҳбати ҳамешагии мо пайваста атрофи тарбияи духтарон сурат мегирад, саволи имрӯзаи мо ба меҳмони азизамон чунин аст:
- Вақте падару модар писари худро оиладор мекунанд, қабл аз издивоҷ фарзандашонро бояд чӣ гуна насиҳат кунанд?
- Бояд ҳам домоду ҳам арӯс ба зиндагии оилавӣ тайёр бошанд. Қабл аз он ки писарро ба зиндагии мустақил гусел мекунем, ба ӯ муомила ва муносибати хубро бо ҳамсараш бояд фаҳмонем, зеро ҳама чиз аз ҳамин оғоз мегардад, аз муносибати зебо!
Сутуни асосии оила якдигарфаҳмӣ, ҳусни тафоҳум ва бо маслиҳати якдигар кор кардан мебошад. Дар ҳаёт одами бе камбудӣ нест, шавҳар ҳам пеш аз он ки ҷангу ҷанҷол мекунад, бояд фаҳмад, ки камбудӣ аз чӣ сар задааст. Барои як гапи ночиз зиндагии ширини оилавиро талх кардан камоли беақлист. Маҳз дар оилаҳои хушбахт ва пурмуҳаббат фарзандони хуб ба дунё омада, ба воя мерасанд.
Боқӣ, хушбахтии ҷавононро таманно мекунам!
Суҳбати ЛОЛА