Писарбачаи хурдакаке баъди поён ёфтани дарс чун ба хона баргашт, мактуби навиштаи муаллимашро ба модараш дод.
Модар чун мактубро во карду онро бихонд, эҳсосоти худро дошта натавонист ва инони гиряро раҳо кард. Баъдан навиштаро бо овози баланд, ки барои писараш шунаво бошад, бихонд: "Писари Шумо нобиға аст. Дар дабистони хурдакаки мо муаллиме нест, ки қобилияту лаёқати дарс додани ӯро дошта бошад. Лутфан, худатон ба ӯ дарс бигӯед".
Бо гузашти солҳо писарбачаи хурдакак рушд карду бузург шуд. Боре ҳангоми тагурӯ кардани бойгонии хонаводагӣ чашмаш ба ҳамон мактуб бархӯрд. Онро во карду хонд: "Писари Шумо ақлан ақибмонда аст (нуқсони ақлӣ дорад). Мо дигар наметавонем ба ӯ дар қатори дигарон дарс бигӯем. Аз ин хотир, ба Шумо дастур медиҳем, ки дар хона, ба таври мустақилона бо ӯ машғул шавед".
Писарбача Томас Эдисон ном дошт. Ӯ аллакай яке аз бузургтарин ихтироъкорони аср буд.
Эдисон баъди хондани нома чанд соат бо дарду аламу ҳасрат бигирист ва дар рӯзномааш бинавишт: "Томас Алва Эдисон кӯдаки ноқисулақл буд, вале ба баракати МОДАРИ қаҳрамони худ яке аз бузургтарин нобиғагони асри хеш гардид".